Соли 2022 ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии пул интиқол дода шуд

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, вуруди софи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, ба ҳадди олии таърихии 49% расид. Тибқи иттилои расмӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли 2022 қариб ба 116 млрд сомонӣ (10,5 млрд доллар) расидааст. Мутаносибан, интиқоли маблағ аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи иқтисоди Тоҷикистон, вуруди софи интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2022 ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, ба ҳадди олии таърихии 49% расид.

Тибқи иттилои расмӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ дар соли 2022 қариб ба 116 млрд сомонӣ (10,5 млрд доллар) расидааст.

Мутаносибан, интиқоли маблағ аз 5,2 млрд доллар гузаштааст, ки ин барои ҷумҳурӣ нишондиҳандаи рекордӣ мебошад. Қабл аз ин, воридоти аз ҳама бештари интиқоли пул дар соли 2014 – ҳудуди 4,2 млрд доллар сабт шуда буд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон як манбаи муҳими коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст.

“Дар хонаводаҳо изҳор мекунанд, ки зиёда аз 80%-и пули интиқолёфта барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳудуди 10%-аш барои қонеъ намудани дигар талаботи асосӣ, аз қабили тандурустӣ, манзил ва таълим ва боқимонда барои пасандоз, пардохти қарз ва дигар мақсадҳо истифода мешаванд”, – омадааст дар гузориш.

Ба ақидаи таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ, ин гувоҳи он аст, ки агар маблағҳои интиқолӣ намебуданд, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон хеле баландтар мешуд.

“Назарпурсиҳои Агентии омори Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аз 22 то 30% аз даромади умумии хонаводаҳо ба интиқоли маблағҳо рост меояд, ки 90%-аш аз Русия ворид мешавад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоди маблағҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Таъкид мешавад, ки ҳудуди 1 млн нафар муҳоҷирон дар Русия, асосан дар соҳаи сохтмон ва савдои чакана кор мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ сохторҳои расмии Тоҷикистон ба намояндагони ВАО маълумот намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.