Дар Тоҷикистон андозаи ҷуброни суғуртаи амонату пасандозҳои бонкӣ зиёд шуд

Дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи суғуртаи шахсони воқеӣ”, ки дар онҳо зиёдшавии андозаи ҷуброни амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст, мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон хабар доданд. Мувофиқи тағйироту иловаҳо, андозаи ҷубронпулии амонату пасандозҳо дар сатҳи 35 ҳазор сомонӣ (3,2 ҳазор […]

Дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи суғуртаи шахсони воқеӣ”, ки дар онҳо зиёдшавии андозаи ҷуброни амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст, мавриди амал қарор гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, андозаи ҷубронпулии амонату пасандозҳо дар сатҳи 35 ҳазор сомонӣ (3,2 ҳазор доллар тибқи қурби рӯзи 5 июл) муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, то мавриди амал қарор гирифтани қонун андозаи ҷубронпулӣ аз рӯи пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 34 ҳазор сомонӣ) ва аз рӯи пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ё худ 23 ҳазору 800 сомонӣ)-ро ташкил медод.

Дар Хазина зикр мекунанд, ки минбаъд дар қатори пасандозҳои шахсони воқеӣ, инчунин суратҳисобҳои амонатию пасандозии соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқии субъекти соҳибкории хурд ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо суғуртакунӣ фаро гирифта мешаванд.

То ин замон танҳо пасандозҳои шахсони воқеӣ суғурта карда мешуданд.

Бинобар ин, номи қонуни амалкунанда дар таҳрири нав — «Қонуни ҶТ «Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо» муайян карда шуда, Хазина низ ҳамчун “Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон” номгузорӣ карда шудааст.

Хазинаи мазкур ба ҷуброни амонату пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзие, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, машғул аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, айни замон 5 бонк дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд: “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк” (ҳамаашон маҷбурӣ бар асари муфлисшавӣ барҳам дода мешаванд) ва “Кафолатбонк” (на бар асоси муфлисшавӣ барҳам дода мешавад).

Ба шахсоне, ки дар ин бонкҳо амонат ва пасандоз доштанд, аз Хазинаи суғуртаи амонатҳо аллакай ҷубронпулӣ пардохт шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.