“Муносибат хубу матлуб буд”. Нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд

Субҳи имрӯз, 6-уми июл, гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд. Ин гурӯҳ аз 165 нафар иборат буда, рӯзи 10-уми июн озими ҳаҷ шуда буданд. Бо ҳоҷиёни тоҷике, ки барои баргузории ҳаҷҷи фарзӣ расман ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар мавсими ҳаҷҷи имсола мушкиле пеш наомадааст. Зайнаб Ҳусейнова, як масъули Кумитаи […]

Субҳи имрӯз, 6-уми июл, гурӯҳи аввалини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ ба ватан баргаштанд. Ин гурӯҳ аз 165 нафар иборат буда, рӯзи 10-уми июн озими ҳаҷ шуда буданд.

Бо ҳоҷиёни тоҷике, ки барои баргузории ҳаҷҷи фарзӣ расман ба Арабистони Саудӣ сафар карда буданд, дар мавсими ҳаҷҷи имсола мушкиле пеш наомадааст.

Зайнаб Ҳусейнова, як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳоҷиёни тоҷикро дастандаркороне, ки аз Тоҷикистон ҳамраҳӣ мекарданд, аз шаҳри Мадина гусел карданд ва намояндагони дигар дар Душанбе истиқбол гирифта, расмиёти сафарро бидуни мушкил гузарониданд.

“Ин гурӯҳи 165 нафараи ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 10-уми июн ба сафари ҳаҷ рафта буданд ва наздики як моҳ маносики ҳаҷро пурра адо карда, ба ватан баргаштанд. Барои ҳоҷиёни тоҷик дар кишвари мизбон мушкиле пеш наомадааст”, – гуфт Ҳусейнова.

Нахустин ҳоҷиёне ҳам, ки имсол аз ҳаҷҷи фарзӣ ба ватан омаданд, аз муносибати мақомоти амниятии шаҳрҳои Маккаву Мадина, ҳайати тадорукот ва роҳнамоён розиянд.

Маҳмадамин Саидалӣ, яке аз ҳоҷиёни тоҷик дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “муносибат бо зоироне, ки аз Тоҷикистон ба Маккаву Мадина рафта буданд, хубу матлуб буд ва дар адо кардани ҳама маносики ҳаҷ бо ҳеч мушкиле рӯбарӯ нашудем”.

Имсол беш аз 4 ҳазору 500 нафар тоҷикистониён барои адо кардани маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Ҳама ҳоҷиёни тоҷик то рӯзи 18-уми июл бармегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ барои кӯшиши адо намудани маросими имсолаи ҳаҷ бидуни иҷоза зиёда аз 17 ҳазор нафарро ба ҳабс гирифтанд.

Аз ҷумла, 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигариро боздошт карданд. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонии ин кишвар дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.