“Ёддошт”-и куҳна барои сардори нави БДА

Date:

Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода сардори нави Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Сӯҳроб Қурбонзодаро иваз кард, ки як соли пурра ҳам дар маснад нанишаст. Қурбонзода моҳи августи соли 2022 ба ин вазифа таъин гардида буд. Пас аз сардори БДА таъин гардидан “Азия-Плюс” аз Қурбонзода хост, то дар бораи нақшаҳояш, роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ин ниҳод ҷойдошта андешаашро баён кунад, аммо мутаассифона, посухи рад гирифт.

Ҳамакнун, 12-уми юли соли 2023 Қурбонзода курсиро барои Рустам Мирзомуродзода холӣ намуд. “Азия-Плюс” бори дигар омодагии худро барои баргузории як мусоҳиба иброз медорад, аммо то он лаҳза, нашри маводи соли гузашта таҳиякардаро, ки дар хусуси мушкилоти мубрами БДА нақл мекард, мувофиқи мақсад медонад. Чун ҳамаи масъалаҳое, ки дар он матлаб матраҳ мешаванд, то ҳол мубрам буда, роҳи ҳалли худро пурра пайдо накардаанд.

Коррупсия дар сохтори БДА

Мушкили № 1 дар БДА коррупсия боқӣ мемонад. Бисёре аз ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки кормандони БДА аз онҳо пора талаб мекунанд. Дар пайи талаби пора ҷанҷоли корманди БДА ва ронандагон низ сабт шудаанд.

Даҳ сол пеш мо барои чӣ гуна ҳал намудани он тавсияҳо дода будем. Бори дигар онҳоро дар зер такрор мекунем:

– аз нав ташкил кардани БДА ва дар заминаи он таъсис додани нозироти роҳ ҳамчун хадамоти мобилӣ, ки бо автомобил ва низомҳои мобилии пайгирӣ (мониторинг)-и ҳаракат дар роҳ муҷаҳҳаз аст;

– аз байн бардоштани тамоми постгоҳҳои таъиншуда (статсионарӣ), бахусус аз кӯчаҳои марказии пойтахт, гузоштани камераҳои видеоӣ дар он ҷо, ба кормандони БДА ва нозири роҳ манъ кардани боздошти автомашина барои санҷиши тӯлонӣ бидуни зарурат, ки бисёр вақт ба ришваситонӣ мусоидат менамояд. Постгоҳҳои таъиншударо танҳо дар даромад ба шаҳр ва шоҳроҳҳое, ки дар онҳо танзими ҳаракати воситаи нақлиёт зарурат дорад, боқӣ гузоштан лозим аст;

– баргузор намудани санҷиши дубора (переаттестатсия) бо ҷалби имтиҳонгирандагони мустақил аз дигар кишварҳо (чунки бо сабаби маҳалгароӣ ҳайати имрӯзаро бо воситаҳои худ дубора санҷидан имкон надорад);

– пас аз нав ташкил додани низом бамаротиб кам кардани ҳайати шахсӣ. Аз ҳисоби кам кардани басти воҳиди корӣ (штат) бамаротиб зиёд кардани маоши кормандоне, ки бо натиҷаҳои хуб аз санҷиш гузаштаанд;

– ҷорӣ намудани чорабиниҳои санҷиши доимӣ ва тез-тез аз ҷониби кормандони нозирот дар мавриди гирифтани пора (яъне худи кормандон бо либоси оддӣ қоидаро вайрон карда, пул гирифтанро пешниҳод мекунанд) ва фавран аз кор озод кардани кормандоне, ки пора мегиранд, маҳрум кардани онҳо аз дубора барқарор шудан дар кор ва ба “рӯйхати сиёҳ” дохил кардани ҳуҷҷатҳо (делои) шахсии онҳо;

– ҳар як постгоҳи муқарраршуда бояд бо нақша ва фармони дахлдор кор карда, дар ҷойе бошад, ки барояш таъин шудааст, то ки нозирон пушти чароғаку (светофор) ва гузаргоҳҳо барои “пулҷамъкунӣ” наистода бошанд;

– додани ваколати баробари азназаргузаронӣ ва огоҳии вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ барои автомашинаҳо бо рақамҳои гаронарзиш, автомашинаҳои давлатӣ, ҳукуматӣ ва дигар автомашинаҳои ҷолиби “ҷавонони тиллоӣ”.

Танзими нақлиёт

Мушкили №2 беназмии нақлиёт дар шаҳрҳои калон, аз ҷумла Душанбе аст. Дар шаҳрҳои бузурги давлатҳои хориҷӣ 6 – 7 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар Душанбе бошад, дар умум 3 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус, троллейбус ва минибус ё ҳамон "маршруткаҳо" хизматрасонӣ менамоянд. Мутаассифона, ҳеҷ яке аз ин навъи нақлиёт дар Душанбе ба таври лозим назорат ва танзим карда намешавад.

Мушкили аслии нақлиёти ҷамъиятӣ ин мусофиргирии барзиёд ва дар дилхоҳ ҷой нигоҳ доштани воситаи нақлиёт аст. Ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба хотири ба даст овардани маблағи бештар, қоидаҳои бехатарии мусофиркашонӣ ва ҳаракат дар роҳро вайрон карда, боиси тамбашавии мошинҳо ва риоя нагардидани ҷадвали ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ мегарданд.

Ҳамчунин, сабқати мошинҳо дар кӯчаҳои пойтахт низ аз проблемаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад.

“Шаҳри бехатар” шумори нозиронро кам накард

Мушкили №3 ин фаъолияти “дӯстона”-и дурбинҳои назоратӣ ва кормандони БДА аст. Ин бештар савол аст, на мушкил. Ва албатта, савол ба БДА.

Аллакай чанд сол мешавад, ки дар Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” фаъол аст ва яке аз ҳадафҳои он кам кардани омилҳои инсонӣ дар раванди танзими ҳаракати нақлият дар маркази шаҳр гуфта мешавад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, насби дурбинҳои назоратӣ низ теъдоди кормандони БДА-ро дар кӯчаҳои Душанбе кам накард, баръакс дурбини назорати ва корманди БДА “паҳлӯ ба паҳлӯ” истода, фаъолияти худро пеш мебаранд.

Илова бар ин, ба ҷойи гузоштани нуқтаҳои назоратӣ дар қисматҳои мушкилзои роҳҳо, роҳбарияти БДА бештар ба боздошти ронандагони сарҳуш машғуланд ва барои ин гирду атрофи тарабхонаҳои шаҳрро посбонӣ мекунанд.

Дағалгуфтории нозири роҳ

Мушкили №4 ин дағалгуфториву бадрафторӣ ва муносибати сарди кормандони БДА мебошад.

Ронандагон шикоят мекунанд, ки кормандони ин сохтор дар муносибат бо ронадагон дағалгуфторӣ мекунанд ва баъзан онҳоро ҳатто таҳдиду таҳқир низ менамоянд.

Дар тавсияҳои чанд сол қабл ироагардида зикр карда будем, ки барои кормандони БДА курсҳои махсуси омӯзишӣ баргузор намуда, одоби муносибат ва муошират омӯзонида шавад.

Кормандони БДА худ мегӯянд, ки дағалгуфторӣ ва фасод ба адами кормандони ботаҷриҷа ва ҳирфаӣ дар сафи ин сохтор вобаста аст.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки нафақат дараҷаи пасти тахассусӣ, ҳамчунин сатҳи пасти маълумоти умумӣ ва иродаю матонати кормандони БДА низ аз мушкилҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Дар ин замина низ бояд корҳои назаррас анҷом дода шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...