Алтернативаи ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муносибат бо Маскав ва Пекин

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафъи оқибатҳои таҳримҳои зидди Русия ҳамкорӣ мекунад ва омода аст, ки ба онҳо дар муносибаташон бо Маскав ва Пекин алтернатива (ҷойгузин) пешниҳод кунад. Ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элизабет Хорст дар музокироти кумитаи умури хориҷии Палатаи намояндагони Конгресс […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафъи оқибатҳои таҳримҳои зидди Русия ҳамкорӣ мекунад ва омода аст, ки ба онҳо дар муносибаташон бо Маскав ва Пекин алтернатива (ҷойгузин) пешниҳод кунад.

Ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элизабет Хорст дар музокироти кумитаи умури хориҷии Палатаи намояндагони Конгресс баён дошт, менависад ТАСС.

"Онҳо аз мо дар масъалаи таҳримҳо дастгирӣ ва дар дарёфти роҳи муқовимат ба фишор (Русия ва Чин) кӯмак мепурсанд, дархост мекунанд, ки алтернатива пешниҳод кунем. Мо бо онҳо дар масъалаи таҳримҳо, бахусус бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон хеле фаъолона ҳамкорӣ дорем то ки то иқтисодҳои онҳо осеби ҷиддӣ набинанд", – изҳор доштааст назари худро дипломат.

Ӯ илова намудааст, ки ИМА ҳоло имкон пайдо кардаанд, ки робитаҳояшонро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд.

Ба гуфтаи Хорст, паёме, ки Вашингтон ба ин кишварҳо ирсол мекунад, барои муносибатҳо ҳам бо Русия ва ҳам бо Чин “алтернатива” дорад.

Дипломат ҳамчунин зикр кардааст, ки ИМА ва Қазоқистон “аз дер боз дар бахши энергетика муносибатҳо доранд” ва дар ин робита, Вашингтон рӯйи коҳиши вобастагии Остона аз Маскав дар ин самт кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.