“Қарздор ҳастанд”. Боз 2600 шаҳрванди Тоҷикистон наметавонанд кишварро тарк кунанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли равон 2 ҳазору 600 шаҳрванди Тоҷикистон барои қарздор будан натавонистаанд, ки тарки кишвар кунанд ва ба ин васила 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарзҳои гуногун пардохт шудааст. Дар ин бора Хадамоти иҷрои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин монеа бо моддаи 47-и Қонуни ҶТ “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” гузошта шудааст.

“Ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 2600 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст”, – гуфтааст Хадамоти иҷро.

Ин хадамот афзудааст, ки дар шашмоҳаи соли равон “амали мазкур натиҷаҳои мусбӣ дода, 857 нафар қарздорон сарҳадҳои кишварро убур карда натавонистаанд”.

Тавре манбаъ гуфтааст, ба ин васила шаҳрвандон маблағҳои қарзиро ба андозаи 7 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пардохт намуданд ва иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағҳо ситонида мешаванд.

Аммо охири моҳи апрели соли равон Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфта буд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ному насаби 9 ҳазору 343 қарздор ворид гардидааст, ки онҳо наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд.

“Тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон”, бо мақсади ба низом даровардани ин падидаи номатлуб ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он дар айни замон ба ин феҳрист 7 ҳазору 151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст”, – зикр карда буд Саидвализода.

Бояд гуфт, ки 2-юми марти соли равон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода шуд, ки ба он ному насаб ва маълумоти қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.

Зарурати таъсиси Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон “танзими қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии он” шарҳ дода мешавад.

Масъулини Хадамоти иҷро хабар дода буданд, ки бо гузашта як моҳ дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шахсони воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ қарор доранд, ки бо гузашти се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, онҳо ба пардохти қарзи худ шурӯъ накардаанд.

Ин Феҳрист боз кадом маълумотҳоро дар бар мегирад, инҷо хонед.

Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон аз таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол гузашт. Ин хадамот дар давоми фаъолияташ чӣ корҳо кардааст, метавонед дар матлаби дигари “Азия-Плюс” бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...