Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад

Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд. Ҳукумати Тоҷикистон тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро тасдиқ кард. Қарори дахлдор бо матни Тартиб дар Портали иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба ин феҳрист қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро тасдиқ кард. Қарори дахлдор бо матни Тартиб дар Портали иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Заруратитаъсиси Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон “танзими қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии он” шарҳ дода мешавад.

Феҳрист аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди ҳукумати кишвар ҷорӣ карда мешавад.

Ба Феҳрист маълумот дар бораи қарздорон, ҳамзамон қарор дар бораи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ворид карда мешавад.

Маълумот дар бораи қарздории мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин онҳое, ки муҳлати пардохташон аз рӯзи ҳукми қонун гирифтани ҳукми суд 3 моҳ нагузаштааст, ворид намешаванд.

Феҳрист дар шакли коғазӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад. Шакли электронии Феҳрист дар сомонаи Хадамоти иҷроиш ҷойгир карда шудааст.

Дар Феҳрист кадом маълумот хоҳад буд?

Феҳристи қарздорон маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– номи пурраи қарздор – шахси воқеӣ, ҷои истиқомат, сана ва ҷои таваллуд, ҷои кор, агар маълум бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– номи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), суратҳисоби бонкӣ;

– рақам ва санаи оғоз намудани истеҳсолоти иҷро;

– санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор ва санаи қабули он;

– номи пурраи даъвогар – шахси воқеи, ҷои истикомати ӯ, сана ва маҳали таваллуд, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– номи даъвогар – шахси ҳуқуқӣ, суроғаи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА), суратҳисоби бонкӣ;

– мазмуни ҳуҷҷати иҷро, ки маблағи ситонидашавандаро нишон медиҳад;

– маълумот дар бораи иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои иҷро;

– санаи аз феҳрист хориҷ намудани қарздор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.