“Қарздор буданд”. Соли гузашта беш аз ҳазор нафарро нагузоштанд Тоҷикистонро тарк кунанд

Соли гузашта қариб 1 ҳазору 200 қарздор натавонистаанд, ки аз Тоҷикистон берун шаванд ва ба ин восита 9 млн 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзи онҳо баргардонида шуд. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо АМИТ “Ховар” хабар додааст. Ӯ гуфтааст, дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ному насаби 9 ҳазору […]

Asia-Plus

Соли гузашта қариб 1 ҳазору 200 қарздор натавонистаанд, ки аз Тоҷикистон берун шаванд ва ба ин восита 9 млн 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои қарзи онҳо баргардонида шуд. Дар ин бора Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон аллакай ному насаби 9 ҳазору 343 қарздор ворид гардидааст, ки онҳо наметавонанд Тоҷикистонро тарк кунанд.

“Тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон», бо мақсади ба низом даровардани ин падидаи номатлуб ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он дар айни замон ба ин феҳрист 7 ҳазору 151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст”, – зикр кардааст Барно Саидвализода.

Ин масъули ниҳоди давлатӣ гуфтааст, соли 2022 наздики 40 млн сомонӣ алимент ситонида шудааст, ки назар ба соли 2021 ба маблағи 18 млн 481 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

“Дар истеҳсолоти иҷрочиён дар маҷмуъ 87 ҳазору 627 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар соли 2022 дар ҳаҷми 39 989 035 сомонӣ (2021 – 21 507 842) маблағ ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18 481 193 сомонӣ зиёд мебошад”,- гуфтааст ӯ.

Ба иттилои Саидвализода дар се моҳи соли равон дар маҷмуъ, 13 млн 351 ҳазору  774 сомонӣ  алимент ситонида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми марти соли равон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода шуд, ки ба он ному насаб ва маълумоти қарздороне дохил мешаванд, ки тибқи қарорҳои суд бояд маблағи қарзро пардохт кунанд, вале дар давоми се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд ба пардохти маблағи зарурӣ шурӯъ накардаанд.

Зарурати таъсиси Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон “танзими қарздорӣ ва пешгирии оқибатҳои манфии он” шарҳ дода мешавад.

Масъулини Хадамоти иҷро хабар дода буданд, ки бо гузашта як моҳ дар Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон ҳудуди 7,2 ҳазор нафар шахсони воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ қарор доранд, ки боо гузашти се моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд онҳо ба пардохти қарзи худ шурӯъ накардаанд.

Ин Феҳрист кадом маълумотро дар бар мегирад, инҷо хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.