Тоҷикистон ба Бозиҳои XIX Осиё 100 варзишгар мефиристад

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки дар Бозиҳои XIX Осиё теъдоди рекордии варзишгарон иштирок кунанд.

Барои иштиок дар бозиҳо аз ҷониби 45 кумитаҳои милли олимпӣ – аъзои Шӯрои олимпии Осиё зиёда аз 12,5 ҳазор нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар Бозиҳои пешини 18-уми Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанг (Индонезия) 11 ҳазору 300 нафар варзишгарон сабтином шуда буданд.

Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст. Қобили зикр аст, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба кибервазиш ва брейк-данс мусобиқаҳо гузаронида мешаванд.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян – Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир мегарданд.

Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу бояд аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешуданд. Аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон, қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин қарор аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё қабул шуд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш – нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...