Истеҳсол зиёду содирот кам шудааст. Тоҷикистон чӣ қадар барқ истеҳсол кард ва ба чанд пул фурӯхт?

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 760,3 миллион кВт соатро ташкил дода, 2 миллиарду 255 миллион сомонӣ даромад овардааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вазир, нимсолаи якуми соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 10 миллиарду 760,3 миллион кВт соатро ташкил дода, 2 миллиарду 255 миллион сомонӣ даромад овардааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, нимсолаи якуми соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар 10 миллиарду 760,3 миллион кВт соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209,3 миллион кВт соат зиёд ва суръати афзоиш 103,3 дарсад таъмин карда шудааст.

Далер Ҷумъа гуфт, дар шашмоҳаи аввали имсол ба кишвар аз ҳисоби нерӯи барқ 2 миллиарду 255 миллион сомонӣ даромад омадааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 434 миллион сомонӣ ё 23,8 дарсад зиёд мебошад.

“Ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ ба 86,6 дарсади маблағи ҳисобшуда баробар буда, маблағи 825,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 153 миллион сомонӣ ё 22 дарсад зиёд аст”, – афзуд Далер Ҷумъа.

Содироти барқ кам шудааст

Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли равон содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм камтар шудааст.

Далер Ҷумъа гуфт, ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ дар нимсолаи якуми соли равон 973,7 миллион кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84,9 миллион кВт соат кам мебошад.

Тавре ӯ гуфт, дар шашмоҳаи аввали соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти нерӯи барқ 382,8 миллион сомонӣ даромад доштааст.

“Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон 684,5 миллион кВт соат ба маблағи 319,6 миллион сомонӣ ва ба Ӯзбекистон 288,9 миллион кВт соат ба маблағи 62,9 миллион сомонӣ содирот карда шуд”, – афзуд Далер Ҷумъа.

Дар ҳамин ҳол, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар мавриди қарзҳои қаблии ширкати барқии “Da Afghanistan Breshna Sherkat”-и Афғонистон маълумот ироа накард. Қаблан гуфта мешуд, ки ин ширкати афғонистонӣ ҳудуди 30 миллион доллар аз “Барқи тоҷик” қарздор аст.

Дар Суғд боз “лимит” аст?

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дақиқ нагуфт, ки тайи як ҳафтаи охир дар бархе шаҳру навоҳии вилояти Суғд “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст, вале аз камбуди нерӯи барқ дар шимоли кишвар нигаронӣ кард.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди қатъи рӯзонаи нерӯи барқ дар шаҳри Панҷакент гуфт, “камбуди нерӯи барқ ​​дар вилояти Суғд ба афзоиши масрафи он дар ҳавои гарми ҳафтаҳои ахир марбут аст”.

Вазир ҳамзамон таъкид кард, ки “барои ба эътидол овардани вазъи таъмини нерӯи барқ ​дар минтақа тадбирҳои гуногун андешида мешаванд, аз ҷумла воридоти нерӯи барқ ​​аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст”.

“Аз пагоҳ, 1-уми август, содироти нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи хатҳои барқи ҷанубу ғарбӣ ба Ӯзбекистон афзоиш ёфта, дар баробари ин интиқоли барқи Ӯзбекистон ба шимоли Тоҷикистон оғоз мешавад”, – гуфт вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки ҳамчунин барои таъмини нерӯи барқи вилояти Суғд дар оянда татбиқи баъзе тарҳҳо, аз ҷумла кашидани хати нави интиқоли 500 кВ дар назар гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки норасоии нерӯи барқ ​​дар фасли тобистон барои Тоҷикистон хос нест, зеро ҳудуди 95 дарсади нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва дар ин давра норасоии об эҳсос намешавад.

Дар ин давра Тоҷикистон, баръакс, ба кишварҳои ҳамсоя барқ содир мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.