Барои воридсозӣ ва истифодаи доруи “Док-1 Макс” 21 нафар айбдор шудаанд

Имрӯз, 11-уми август, дар Ӯзбекистон аввалин мурофиаи 21 нафаре, ки доруи "Док-1 Макс" ба ин кишвар ворид карда, сабаби марги 65 кӯдак шуданд, баргузор гардидааст. Дар ин бора Азиз Абидов, як намояндаи Суди олии Ӯзбекистон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин 21 нафар айбдоршавандагон – 16 мард ва 5 зан мебошанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони […]

Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми август, дар Ӯзбекистон аввалин мурофиаи 21 нафаре, ки доруи "Док-1 Макс" ба ин кишвар ворид карда, сабаби марги 65 кӯдак шуданд, баргузор гардидааст. Дар ин бора Азиз Абидов, як намояндаи Суди олии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин 21 нафар айбдоршавандагон – 16 мард ва 5 зан мебошанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

“S.R.P. – як шаҳрванди 51-солаи Ҳиндустон, ки директори ҶДММ “Курамакс Медикал” мебошад, барои ворид кардани доруи "Док-1 Макс" айбдор шудааст.

Ҳамчунин, Сардор Қариеви 41-сола, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар як вақт директори Агентии рушди саноати фармасевтӣ ва директори Маркази давлатии экспертиза ва стандартизатсияи доруворӣ, техникаи тиббӣ ва таҷҳизоти тиббиро ба ӯҳда дошт, дар пайи ин ҷиноят айбдор гардидааст.

Ба гуфтаи намояндаи Суди олии Ӯзбекистон, дигар айбдоршавандагон кормандони масъули ҶДММ “Курамакс Медикал” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази давлатии экспертиза ва стандартизатсияи доруворӣ, асбобу анҷоми тиббӣ ва таҷҳизоти тиббӣ” мебошанд.

Онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои пешбинигардида дар моддаҳои 184, 28,186-3, 186-3, 25,205, 205, 207, 28,209, 209, 210, 211, 212, 228-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон айбдор мешаванд.

Ҳоло ба иттилои манбаъ, 7 нафари айбдоршавандагон ба ҳабс гирифта шуда, 12 нафар баёноти рафтори нек дода ва 2 нафари дигар бо гарав озод шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз кофтуковҳое, ки дар Ҳиндустон гузаронида шуд, муайян гардид, ки дар истеҳсоли доруи мазкур бар ивази моддаи доруворӣ моддаи заҳролуд истифода шудааст.

Аз тарафи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои истифодаи доруҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол" огоҳии ҷиддӣ дода шуд. Ӯзбекистон  3-юм давлат мебошад, ки дар он заҳролудшавӣ аз доруи мазкур қайд карда шудааст.

Ширкати ҳиндии Marion Biotech (истеҳсолкунандаи ин доруҳо) аз авоили солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба имрӯз дар Тоҷикистон бар асари истеъмоли доруҳои ин ширкат касе осеб надидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи истеъмоли ин дору дар Тоҷикистон ҳеҷ кӯдаке нафавтидааст. Дар ҳамин ҳол, сар аз моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.