Дар Эрон нисбати собиқ президенти ин кишвар Рӯҳонӣ парванда боз шуд

Додситонии махсуси Эрон дар умури дин нисбат ба собиқ президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ якчанд парванда боз кард. Ӯ ба даст доштан дар қаллобӣ дар бозорҳои молиявӣ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Фергана. Тавре ки намояндаи расмии мақомоти судии ҷумҳурии исломӣ Масъуд Ситоишӣ изҳор доштааст, Рӯҳонӣ бояд ба якчанд савол назди додгоҳ ҷавоб гӯяд. “Нисбат […]

Asia-Plus

Додситонии махсуси Эрон дар умури дин нисбат ба собиқ президенти ин кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ якчанд парванда боз кард. Ӯ ба даст доштан дар қаллобӣ дар бозорҳои молиявӣ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Фергана.

Тавре ки намояндаи расмии мақомоти судии ҷумҳурии исломӣ Масъуд Ситоишӣ изҳор доштааст, Рӯҳонӣ бояд ба якчанд савол назди додгоҳ ҷавоб гӯяд.

“Нисбат ба собиқ президенти Эрон Рӯҳонӣ, ки унвон ва рутбаи динӣ дорад, дар додситонии махсуси умури дини дорои салоҳияти дахлдор якчанд парванда боз шуда, собиқ президент бояд дар мақомоти марбута ба як қатор саволҳо посух бидиҳад”, – иброз доштааст Ситоишӣ.

Намояндаи мақомоти судии Эрон зикр кардааст, ки парвандаҳо дар робита ба қаллобиҳо дар бозори асъор, ки гӯиё дар он Рӯҳонӣ даст доштааст, инчунин ба далели дахолати ӯ ба кори бозори фондии Эрон оғоз гардидаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ аз моҳи августи соли 2013 то моҳи августи соли 2021 вазифаи президенти Эронро бар дӯш дошт. Ӯ ду муҳлат дар мансаби сарвари ин давлат қарор дошт.

Нисбат ба собиқ сарвари давлати Эрон қаблан ҳам айбномаҳо пешниҳод шуда буданд. Моҳи августи соли 2021 вакилони Маҷлис (парлумон) дар натиҷаи бад шудани вазъи иқтисодӣ дар давраи президентии ӯ, мехостанд тафтишот роҳандозӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.