5 нишонаи корбарони “фейкӣ”- и шабакаҳои иҷтимоӣ

Саводи расонаи ин маҷмӯи маҳорат ва қобилиятҳоеянд, ки ба одамон имкон медиҳанд, паёмҳо ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунанд. Он шахсро водор мекунад, ба он чизҳое, ки тамошо мекунад, мебинад ва мехонад интиқодӣ назар кунад. Он боз ба истеъмолкунандагони иттилоот имкон медиҳад, ки хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунанд, то дар он […]

Asia-Plus

Саводи расонаи ин маҷмӯи маҳорат ва қобилиятҳоеянд, ки ба одамон имкон медиҳанд, паёмҳо ва маводи ВАО-ро дар шакл ва жанрҳои гуногун таҳлилу арзёбӣ кунанд.

Он шахсро водор мекунад, ба он чизҳое, ки тамошо мекунад, мебинад ва мехонад интиқодӣ назар кунад. Он боз ба истеъмолкунандагони иттилоот имкон медиҳад, ки хабарҳои сомонаҳоро таҳлил кунанд, то дар он тарғибот, сензура ва ё яктарафагии иттилоъро дарк кунанд.

Муассифона, шумораи корбарони фейкӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кам нестанд. Онҳо зери ниқоби ному маълумоти фейкӣ пинҳон шуда шарҳҳои пурҳақорат менависанд, мардумро ба роҳҳои бад даъват менамоянд, ба таблиғот машғул мешаванд ва ё тухми кинаю адоват мекоранд.

Аммо на ҳама корбари шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро зуд шинохта метавонад то аз дӯстӣ худдорӣ варзанд ё ба навиштаҳои онҳо бовар накунанд. Барои ҳамин тасмим гирифтем дар бораи нишонаҳои асосии корбарони фейкӣ ба шумо маълумот диҳем.

– Ному насаби шубҳаовар. Бештари корбарони фейкӣ номи худро пинҳон дошта аз номҳои ғайриоддӣ ба мисли “Муҳоҷир”, “Адолат”, “Ватаншоҳ”, “Тоҷикистонӣ”, “Тоҷикбача” ва ғайра истифода мебаранд.

– Аксҳои шубҳаовар. Дар сурати асосӣ (аватар) аксҳои одамони машҳур, одамони дигар, тасвири шаҳру манзараҳо ё аксҳои умумиро мегузоранд. Ҳамчунин дар саҳифаи онҳо аксҳо шахсиашон дида намешавад. Маълуман корбарони “зинда” гузоштани аксҳо аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаётро дӯст медоранд.

– Маълумоти шубҳаовар ё набудани он. Бештари корбарони фейкӣ маълумоти шахсиашонро пур намекунанд: ҷойи истиқомат, кор, таҳсил, хешовандон ва ғайра.

– Дӯстони шубҳаовар. Шумораи зиёди дӯстон ва дӯстони боз ҳам бо ному аксҳои шубҳаовар нишонаи дигари фейкӣ будани корбар аст.

– “Пост”-ҳои шубҳаовар. Саҳифаи корбарони фейкӣ пур аз репост ё бознашри маълумоти шубҳаовару паёмҳои таблиғотӣ аст.

Аз ин рӯ, пешниҳоди дӯстиро танҳо аз дӯстону пайвандоне, ки хуб мешиносед қабул кунед. Агар тамоман одами ношинос пешниҳоди дӯстӣ кунанд, аввал аз рӯйи ин 5 нишона корбарро санҷед. Агар бовар ҳосил кардед, ки корбари “зинда” аст на фейк баъдан пешниҳоди дӯстиро бипазиред.

Бохабар бошед ва аз корбарони фейкӣ канора гиред!

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.