Маскав интизори Аҳмад Масъуд? Намояндагони ҷабҳаи муқовимати зидди Толибон ба Маскав рафтаанд

Намояндаи як ҷабҳаи муқовиматгари зидди Толибон* ба Маскав рафта, бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” мулоқот кардааст ва дар назар аст, ки нимаи дуюми моҳи август Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, ноиби раиси ҷумҳури фирории Афғонистон низ ба пойтахти Русия сафар кунанд. Андрей Серенко, таҳлилгари рус, ки бештар масоили […]

Намояндаи як ҷабҳаи муқовиматгари зидди Толибон* ба Маскав рафта, бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” мулоқот кардааст ва дар назар аст, ки нимаи дуюми моҳи август Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, ноиби раиси ҷумҳури фирории Афғонистон низ ба пойтахти Русия сафар кунанд.

Андрей Серенко, таҳлилгари рус, ки бештар масоили Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро таҳқиқ мекунад, дар як матлаб барои нашрияи “Совершенно секретно” аз 18-уми августи соли 2023 оид ба ин сафар иттилоъ дода, бо такя ба манобеи наздик ба гуруҳҳои мусаллаҳи зидди Толибон навиштааст, ки аллакай намояндаи Ҷабҳаи озодии Афғонистон (ҶОА) аз Маскав боздид карда, бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” мулоқот кардааст ва қарор аст, акнун намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ ба Маскав биоянд.

Ба навтиштаи Адрей Серенко ин мулоқот пас аз ду соли ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи Толибон барпо шудааст.

“Маскав кӯшиш кард, ки бо Толибон равобити созанда барқарор кунад, ҳарчанд аз эътирофи расмии ғасби қудрат чун ҳукумати қонунии Афғонистон худдорӣ кард. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки ҳамкории Русия бо Толибон бидуни интихоб нест”, – навиштааст Серенко.

Ба иттилои ӯ, дар аввали моҳи августи соли 2023 яке аз роҳбарони Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ки ба он генерал Муҳаммад Зиё Ёсин раҳбарӣ мекунад, ба Маскав омада, як ҳафта дар ин ҷо қарор дошт ва дар ин муддат як силсила мулоқотҳо, аз ҷумла бо “бархе ҳамсуҳбатони бонуфузи ба Кремл наздик” баргузор кардааст.

“Дар нимаи дуюми моҳи август, қарор аст, роҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди “Шери Панҷшер” Аҳмадшоҳи Масъуд низ аз Маскав боздид кунанд. Ӯро дар ин сафар метавонад Амруллоҳ Солеҳ, собиқ  раиси Хадамоти амният ва ноиби собиқи президент Ашраф Ғанӣ низ метавонад ҳамроҳӣ кунад”, – зикр мекунад Серенко.

Дар Маскав пайдо шудани намояндагони мухолифони мусаллаҳи Афғонистонро метавонад чун таҳрири стратегияи Русия нисбат ба Афғонистон маънидод кард.

Ба андешаи Серенко айни замон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд нерӯи аз ҳама маъруфи зидди Толибон мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон моҳи августи соли 2021, пас аз ба дасти Толибон суқут кардани Кобул ва фирори раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ таъсис ёфт. Он замон аксари чеҳраҳои сиёсиву низомии шинохтаи Афғонистон низ аз кишвар фирор карданд.

Аҳмад Масъуд, ки он замон 33 сол дошт ба зодгоҳи падариаш – дараи Панҷшер рафт ва аз оғози муқовимат хабар дод.

“Толибон дар оғоз ба Аҳмад Масъуд курсии вазирӣ пешниҳод карда, ӯро “хариданӣ” шуданд, вале фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд тан надод. Дар ниҳоят Толибон нирӯи ҳангуфтеро ба дараи Панҷшер эъзом карданд ва бо кӯмаки бархе аз афроде, ки хиёнат карданд, тавонистанд ин дараи саркашро ишғол кунанд. Баъди тасарруфи Панҷшер Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон паноҳ бурд ва ҳоло қароргоҳи ӯву ситоди асосии Ҷабҳааш дар ҳамон ҷост”, – менависад Серенко.

Ба иттилои Серенко Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон ҳудудан 5 ҳазор тарафдори мусаллаҳ дорад, ки дар тақрибан 700 гуруҳи ҳар кадом иборат аз 3 то 5 нафар тақсимбандӣ шудаанд ва дар итоати фармондеҳони маҳаллӣ, ки аз ҳама аршади онҳо генерали ҷавон Холид Амирӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дорад, қарор гирифтаанд.

“Толибон то 30 ҳазор нирӯро ба Панҷшер басиҷ кардаанд,  то афроди генерал Амириро муҳосира карда, монеи берун баромадани онҳо аз дараҳои душворгузари кӯҳистон шаванд. Вале бо ин вуҷуд, сарбозони Ҷабҳа танҳо дар як моҳи июл 13 ҳамла ба зидди Толибон анҷом доданд, яъне ҳар дур рӯз тақрибан як ҳамла”, – нақл кардаанд манобеи Серенко.

Ин таҳлилгар менависад, ки Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба раҳбарии генерал Муҳаммад Зиё Ёсинро “муқовимати нирӯҳои командос” ҳам меноманд, чунки бахши аъзами тарафдорон ва сарбозони онро афсарони собиқи “командос”-и ҳукумати қаблӣ ташкил медиҳанд. Ҷабҳаи озодӣ 4 феврали соли 2022 дар вилоятҳои Тахору Қундуз ва Бадахшон дастбакор шуд, вале баъдан нирӯҳояш дар вилоятҳои Қандаҳору Нангарҳор ва Кобул низ фаъол шуданд.

“Ҷабҳаи озодӣ ҳоло ягона гуруҳи муқовимат аст, ки ҳатто дар пойтахт, шаҳри Кобул низ шабехунҳое ба зидди нирӯҳои Толибон анҷом медиҳад”, – мегӯяд Серенко.

Ӯ меафзояд, “талошҳои Толибон барои аз байн бурдани муқовимат ҳосил надод ва гуруҳҳои муқовимат то ҳол нафақат вуҷуд доранд, балки тақвият меёбанд. Яке аз аломатҳоти ин таваҷҷуҳи афзояндаии кишварҳои мухталиф ба Ҷабҳаи муқовимат ва ба Ҷабҳаи озодист. Агар то чанд вақти пеш бо Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд танҳо Душанбе ва Теҳрон тамосҳои наздик дошт, ҳоло раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар арсаҳои гуногуни байналмилалӣ дар Фаронсаву Австрияву Туркияву кишварҳои дигар низ меҳмоне мақбул шудааст”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.