Ҳалокати 2 нафар дар Восеъ бар асари бархӯрди 2 автомашинаи сабукрав

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оқибатҳои садамаи нақлиёти маргборро дар қаламрави ноҳияи Восеъ, ки шаби рӯзи якшанбе рух дод, бартараф карданд. Шоми дери рӯзи 25 август автомашинаи «Opel Astra» зери идораи ронандаи 40-сола ба автомашинаи «Mercedes Benz Sprinter»-и мутааллиқ ба сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бармехӯрад. Бар асари ин бархӯрд 2 нафар – […]

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оқибатҳои садамаи нақлиёти маргборро дар қаламрави ноҳияи Восеъ, ки шаби рӯзи якшанбе рух дод, бартараф карданд.

Шоми дери рӯзи 25 август автомашинаи «Opel Astra» зери идораи ронандаи 40-сола ба автомашинаи «Mercedes Benz Sprinter»-и мутааллиқ ба сокини деҳаи Кӯҳнашаҳри ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бармехӯрад.

Бар асари ин бархӯрд 2 нафар – ронада ва мусофири «Opel» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ шудаанд.

Барои баргузории рафъи оқибатҳои ин садама имдодгарони навбатдори КҲФ дар минтақаи Кӯлоб ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Бо ёрии воситаҳои махсуси техникӣ онҳо ҷасадҳоро аз мошини пачақшуда берун оварданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки дар чунин обуҳавои номусоид ҳушёриро аз даст надода, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин реҷаи суръати ҳаракатро риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.