Додгоҳ иҷрои ҳукми се соли зиндони собиқ сарвазири Покистонро мавқуф гузошт

Asia-Plus

Додгоҳи Исломободи Покистон дар бораи зери гарав раҳо намудани собиқ сарвазири Покистон Имрон Хон, ки қаблан ба се соли зиндон маҳкум шуда буд, қарор қабул кард. Иҷрои ҳукм нисбати сиёсатмадор ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

“Нусхаи қарор дар фурсатҳои наздик дастрас хоҳад буд. Айни замон танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки дархости Имрон Хон дар мавриди раҳо кардан зери гарав ва ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукм қонеъ карда шуд”, – хабар додааст адвокати собиқ нахуствазири Покистон дар мусоҳиба ба шабакаи телевизиони маҳаллии Geo, менависад РИА Новости.

Моҳи апрел Имрон Хон аз рӯи парвандаи қаллобӣ дар робита ба фурӯши дуздии молҳои арзишманд аз хазинаи Тошхона ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар ҳукм инчунин маҳрум кардани Имрон Хон аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти сиёсӣ дар муддати панҷ соли наздик пешбинӣ мегардад.

Имрон Хон мансаби сарвазирии Покистонро аз соли 2018 то соли 2022 бар дӯш дошт. Моҳи апрели соли 2022 ба ӯ изҳори нобоварӣ шуд. Моҳи октябр ӯро аз интихобот барканор намуда, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои давлати ба муддати панҷ сол маҳрум карданд.

Рӯзи 9 майи соли равон Имрон Хон аз ҷониби мақомоти пулис боздошт шуд. Ба ӯ ва ҳамсараш Бушра Бибӣ дар даст доштан ба коррупсия ва истифодаи бунёди оилавии “Ал-Қодир траст” бо мақсади дуздии 50 млрд рупияи покистонӣ (ҳудуди 175 млн доллар) аз буҷет ҳангоми таъсиси Донигоҳи Ал-Қодир айбнома пешниҳод шуд.

Рӯзи 10 май додгоҳ Имрон Хонро ба ҳабс гирифта,  ин амал ба эътирозҳои оммавӣ дар кишвар боис гардид. 11 май ҳабсро ғайриқонунӣ эътироф намуда, собиқ сарвазирро бо гарав озод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...