“Вазъият ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад”. Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз ду мушкили соҳаи маориф

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз кам шудани шумораи донишҷӯён дар кишвар ва ба ҷои кор ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон нигаронӣ карда, гуфтааст, беш аз 50 дарсади мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ ба кор ҳозир нашудаанд.

Дар ин бора президент зимни суханронияш бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара иброз дошт.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, соли ҷорӣ 3 ҳазору 432 мутахассиси ҷавони равияи омӯзгорӣ барои кор ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шудаанд, аммо то ба имрӯз танҳо 49 дарсади онҳо ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанду халос.

Роҳбари давлат мушкилоти норасоии омӯзгорон дар мактабҳои кишварро эътироф кард, афзудааст, ки он “вақтҳои наздик пурра бартараф мегардад”.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар, дар соли таҳсили гузашта дар мактабҳои миёна 3 ҳазору 434 нафар омӯзгор намерасид. Норасоии омӯзгорон дар фанҳои дақиқ, аз қабили математика, физика ва кимиё бештар гуфта мешуд.

Бояд гуфт, ки  дар чандсолаи охир омӯзгорони тоҷик бо сабаби кифоя набудани маошашон тарки соҳа карда, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд.

Мақомоти марбута ҳамвора аз бартараф шудани ин мушкил хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз кам шудани шумораи донишҷӯён ё иҷро нашудани нақшаи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъкид кардааст.

Ба иттилои ӯ, тибқи натиҷаи марҳалаи аввали қабули довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ (ММТ), аз 106 ҳазор нафар хатмкунанда, ҳамагӣ 35 ҳазор нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ роҳхат гирифтаанд.

“Вазъият дар ин самт, хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз дорад”, – гуфтааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Вай аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисол оварда, гуфтааст, аз 2400 нафар хатмкунанда 993 нафар ба мактабҳои олӣ дохил гардидаанд, ки “ин ҳарчанд дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи хуб аст, вале ҳанӯз кифоя нест”.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ (ММТ), соли равон нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадлаҳои кишвар дар марҳилаи аввал 53 дарсад иҷро шудааст: дар даври аввали тақсимоти ММТ беш аз 59 ҳазор довталаб ҳаққи донишҷӯ шуданро пайдо кардаанд, дар ҳоле ки нақшаи қабул беш аз 110 ҳазор муқаррар шуда буд.

Соли гузашта, бо сабаби иҷро нагардидани нақшаи қабули донишҷӯён, даври сеюми такрорӣ баргузор карда шуд. Дар ду даври такрорӣ онҳое ҳуқуқи иштирок карданро доштанд, ки дар даври асосӣ ноком шуда буданд.

Аммо соли ҷорӣ бошад, ММТ барои пурра кардани нақшаи қабул ба довталабон боз як имкони дигар дод, ки ҳадафи аслии он, боз ҳам пурра кардани нақшаи қабули донишҷӯён аст..

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии имрӯзаи худ таъкид кардааст, соли равон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд мебошад.

“Ин рақам қариб 19%-и буҷети солонаи давлатро ташкил медиҳад”, – изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ӯ афзудааст, ки “бо чунин тадбирҳо ва маблағгузорӣ Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти калидӣ дар соҳаи маориф ва афзоиши дастрасии имкониятҳои таълимӣ барои насли наврас саъй дорад”.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 1-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара “дарси сулҳ” гузаронид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...