Вазорати маориф аз теъдоди норасоии омӯзгорон хабар дод

Дар Тоҷикистон соли гузашта норасоии омӯзгорон 3 ҳазору 434 нафарро ташкил дода буд. Норасоии омӯзгорон дар фанҳои дақиқ, аз қабили математика, физика ва кимиё мушоҳида мешавад, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода. Ӯ зикр кард, ки дар назди вазорат ситоди махсус амал мекунад, ки ба ҳалли ин масъалаи […]

Дар Тоҷикистон соли гузашта норасоии омӯзгорон 3 ҳазору 434 нафарро ташкил дода буд. Норасоии омӯзгорон дар фанҳои дақиқ, аз қабили математика, физика ва кимиё мушоҳида мешавад, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода.

Ӯ зикр кард, ки дар назди вазорат ситоди махсус амал мекунад, ки ба ҳалли ин масъалаи муҳими норасии омӯзгорон дар кишвар машғул аст.

Ба гуфтаи ӯ, ситод вазъи кунуниро таҳлил намуда, бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омода намудани кадрҳои нав ҳамкорӣ мекунад, барномаҳои дастгирӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони амалкунандаро роҳандозӣ менамояд, инчунин барои ҳавасмандгардонии ҷомеаи омӯзгорони мо кор мебарад.

Зикр шуд, ки аллакай 4 ҳазору 347 нафар барои кор дар муассисаҳои таълимӣ пас аз анҷоми расмиёти зарурӣ интихоб шудаанд. Ба гуфтаи Абдулзода, чанд нафари онҳо дар минтақаҳо ба ҳайси омӯзгор кор хоҳанд кард, дар охири моҳи август маълум мешавад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, имрӯз дар кишвар 3 ҳазору 967 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон машғули коранд. Аз ин теъдод 81 ҳазору 822 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди умумии донишҷӯён 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.