Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон ба маблағи 82 млн доллар қарордод имзо карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки аз 10 то 12 сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ба маблағи беш аз 82 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд.

Дар ин бора ҶС “Маркази рушди сиёсати савдои QazTrade”, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон в Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмондиҳандагони ин чорабинӣ мебошад, хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолкунандагони Қазоқистон имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулоти коркардшуда бамаротиб зиёд карда шавад.

“Соҳибкорон омодаанд, ки ба истеъмолгарони Тоҷикистон 60 номгӯи молу маҳсулот пешниҳод намоянд”, – зикр мешавад дар портали QazTrade.

Бино ба маълумоти омории Қазоқистон, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қазоқистон 557,4 млн долларро ташкил додааст. Интиқоли молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикитсон 6,9% афзуда, ба 387,2 млн доллар расидааст. Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра 33,3% – то 170,2 млн доллар кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон дар Остона форуми бузурги тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, Қазоқистон пас аз Русия ва Чин ба сегонаи асосии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон Қазоқистон бо вазни қиёсии 22,6% (дар нимсолаи аввали соли 2023) зинаи аввалро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...