Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон ба маблағи 82 млн доллар қарордод имзо карданд

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки аз 10 то 12 сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ба маблағи беш аз 82 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд. Дар ин бора ҶС “Маркази рушди сиёсати савдои QazTrade”, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон в Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмондиҳандагони […]

Аз рӯи натиҷаҳои дидору гуфтушуниди доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки аз 10 то 12 сентябр дар Душанбе баргузор шуданд, ба маблағи беш аз 82 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд.

Дар ин бора ҶС “Маркази рушди сиёсати савдои QazTrade”, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон в Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмондиҳандагони ин чорабинӣ мебошад, хабар медиҳад.

Дар хабар гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолкунандагони Қазоқистон имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулоти коркардшуда бамаротиб зиёд карда шавад.

“Соҳибкорон омодаанд, ки ба истеъмолгарони Тоҷикистон 60 номгӯи молу маҳсулот пешниҳод намоянд”, – зикр мешавад дар портали QazTrade.

Бино ба маълумоти омории Қазоқистон, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қазоқистон 557,4 млн долларро ташкил додааст. Интиқоли молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикитсон 6,9% афзуда, ба 387,2 млн доллар расидааст. Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар ин давра 33,3% – то 170,2 млн доллар кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон дар Остона форуми бузурги тиҷоратии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардида, дар ҷараёни он ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, Қазоқистон пас аз Русия ва Чин ба сегонаи асосии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил аст.

Дар сохтори содироти Тоҷикистон Қазоқистон бо вазни қиёсии 22,6% (дар нимсолаи аввали соли 2023) зинаи аввалро ишғол мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.