Канданиҳои фоиданок бар ивази хӯрокворӣ. Тоҷикистон чӣ мехарад ва чӣ мефурӯшад?

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сохтори маҳсулоти воридотии кишвар дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ 18,1 дарсадро ташкил додааст. Аз ҷумла, 10,6 дарсади маҳсулоти хӯрокворӣ барои коркард (масалан, гандум) ва 7,5 фоиз барои истеъмол (маҳсулоти тайёр) ворид карда шудааст. Инчунин, ҳиссаи нисбатан зиёди воридотро молҳои зерин ишғол карданд: Воридоти маҳсулот дар […]

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сохтори маҳсулоти воридотии кишвар дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти ғизоӣ 18,1 дарсадро ташкил додааст.

Аз ҷумла, 10,6 дарсади маҳсулоти хӯрокворӣ барои коркард (масалан, гандум) ва 7,5 фоиз барои истеъмол (маҳсулоти тайёр) ворид карда шудааст.

Инчунин, ҳиссаи нисбатан зиёди воридотро молҳои зерин ишғол карданд:

Воридоти маҳсулот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 438,4 миллион доллар (19,1%) бештар аст.

“Нишондиҳандаҳои воридот асосан аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми воридоти гандум, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, таҷҳизоти технологӣ, мошину таҷҳизоти барқӣ, ҳавопаймоҳо, чӯб ва маснуот, инчунин шумораи воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ ва ғайра афзоиш ёфтааст”, – таъкид мекунанд дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар ҳамин ҳол, беш аз сеяки содироти кишвар захираҳои табиӣ будааст. Саҳми канданиҳои фоиданок дар содирот дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 34,7 дарсадро ташкил дод.

Аз кишвар ба ғайр аз канданиҳои фоиданок, ҳамчунин молу маҳсулоти зерин бештар содир шудааст:

Содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 678,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 44,2% (536,6 миллион доллар) камтар аст.

“Омили асосии коҳиши нишондиҳандаи содирот коҳиши ҳаҷми содироти металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия мебошад”, – таъкид мекунад Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.