Вазирони Осиёи Марказӣ имконоти рушди масирҳои нақлиётиро баррасӣ карданд

Дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор мешавад, вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа омодагии худро барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ таъкид кардаанд. Дар вохӯрӣ таъкид шудааст, мақсади он таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо мебошад. Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти […]

Дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор мешавад, вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа омодагии худро барои рушди хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, таъсиси анборҳо ва иқтидорҳои истеҳсолӣ таъкид кардаанд.

Дар вохӯрӣ таъкид шудааст, мақсади он таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳои минтақа ва дигар кишварҳо мебошад.

Вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ иброз дошта, оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика як эъломияи муштарак ҳам имзо кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, эъломия аҳамияти ҳалли масъалаҳои ҷорӣ ва ба миёнояндаро бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди хизматрасониҳои нақлиётии интермодалӣ ва мултимодалии фаромарзӣ ва транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин таҳким ва тавсеаи имкониятҳои занҷири таъминот барои кишварҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалиро зикр мекунанд.

Ҳамчунин дар нишаст, лоиҳаи Созишнома "Дар бораи таҳкими равобити байниҳамдигарии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ"  мувофиқа гардида, интизор меравад, он дар доираи Мулоқоти панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор мегардад, имзо шавад.

“Ҳадафҳои асосии Созишнома фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти заминӣ, таъмини муҳити рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла мултимодалӣ, содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ, рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётӣ ва логистикӣ, татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамикунонии ҳамлу нақли заминӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди амалияи истифодаи навъҳои экологии нақлиёт мебошад”, – гуфтааст Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, доир гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...