“Бо табар куштааст”. Боздошти як нафар бо гумони қатли ҳамсар дар Душанбе

Asia-Plus

Дар аввали моҳи сентябр як сокини шаҳри Ваҳдат, ки муваққатан дар Душанбе истиқомат мекард, пас аз муноқишаи оилавӣ бо табар ба сари ҳамсари худ 3-4 зарба зада, ӯро ба қатл расонидааст. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда Ҳосилҷон Тӯхтабоев, марди 56-сола буда, чанд муддат пеш бо Шамсия Насриддиноваи 55-сола оила барпо карда, дар кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахт зиндагӣ мекардаанд.

Дар гузориши ВКД хабар дода мешавад, ки рӯзи 4-уми сентябр байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, боиси муноқиша мешавад.

“Пас аз муноқиша гумонбаршаванда бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан аз ошхона табареро гирифта, якчанд маротиба ба сари ҳамсараш зарба зада, ӯро ба қатл мерасонад”, – зикр мешавад дар “Ахбори ВКД”.

Дар барнома шахси гумонбар Ҳосилҷон Тӯхтабоев тасдиқ мекунад, ки 3-4 маротиба ба сари занаш бо табар зарба задааст.

Тӯхтабоев пас аз содир кардани ҷиноят мақсад доштааст, ки ба хориҷи кишвар фирор намояд, вале аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт саривақт боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, номбурда қаблан низ бо ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст.

Ҳоло нисбати Ҳосилҷон Тӯхтабоев бо моддаи 104, қисми 2, банди “е”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ё ҷазои қатл ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро пешбинӣ мекунад.

Номбурда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки дар чандсолаи ахир бо сабабҳои гуногун ба қатл расонидани ҳамсарон дар гӯшаву канори кишвар зиёд расонаӣ мешавад.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон  Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои куштори ҳамсараш гунаҳқор дониста, тибқи  моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Моҳи марти соли ҷорӣ бошад, Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ва ё аз ин ҳам пештар, моҳи январи соли равон як сокини шаҳри Исфара ҳам ҳамсари худро барои бо телефони мобилӣ суҳбат кардан, ба қатл расонида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...