Суғд: Куштори ҳамсар бар асари рашк

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми куштори ҳамсараш бар асари рашк боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД ҶТ. Ҳодиса 28-уми январ тахминан соати 11:30 рух додааст. "Марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, […]

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми куштори ҳамсараш бар асари рашк боздошт шуд, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Ҳодиса 28-уми январ тахминан соати 11:30 рух додааст.

"Марди 50-солаи сокини шаҳри Исфара, маъюби гурӯҳи дуюм, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк ҳамсараш зани 48-соларо, ки дар дохили хуҷраи истиқоматиашон тариқи телефон сӯҳбат дошт, бо оҳани дарозиаш 60 см, 4 маротиба ба сараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",- шарҳ медиҳад ВКД.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Тибқи ин модда ӯ ба муҳлати аз 8 то 15 сол равонаи зиндон шуда метавонад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 шумори ҷиноятҳои марбут ба куштор ва суиқасд ба он 24,3% афзуда, давоми сол ба сурати умум 5 ҳазору 358 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки 2,2% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.