Капитани мунтахаби футболи Тоҷикистон ба дастаи “Андиҷон”-и Ӯзбекистон гузашт

Ҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров ҳунарнамоии минбаъдаи худро дар тими “Андиҷон”-и Ӯзбекистон давом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”. Акнун ӯ дар мусобиқаи чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард. Аҳтам Назаров аз соли 2013 дар бошгоҳи “Истиқлол” бозӣ карда, субҳи имрӯз ба қароргоҳи тими “Андиҷон” раҳсипор шуд. […]

Ҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров ҳунарнамоии минбаъдаи худро дар тими “Андиҷон”-и Ӯзбекистон давом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”.

Акнун ӯ дар мусобиқаи чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард.

Аҳтам Назаров аз соли 2013 дар бошгоҳи “Истиқлол” бозӣ карда, субҳи имрӯз ба қароргоҳи тими “Андиҷон” раҳсипор шуд.

Давраи тамрину омодагии футболбозони дастаи Андиҷон (шаҳри Андиҷон) дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад. Дар ин ҷо ӯ бо ин тим қарордоди дусола ба имзо мерасонад.

Қаблан дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” Аҳтам Назаров изҳор дошта буд, ки дар бисёр бошгоҳҳо бозӣ карда, вале дар “Истиқлол” футболбози ҳақиқӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш боз як футболбози дигари тоҷик – нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳайати дастаи “Насаф”-и Қаршӣ (Ӯзбекистон) гузашта буд.

Дар мавсими нави футболи Суперлигаи Ӯзбекистон ӯ дар ҳайати ҳамин даста бозӣ мекунад. Қарордодаш то охири соли 2023 баста шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.