Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки солона 1 миллион тонна гидрогени сабз тавлид кунад

То соли 2040 Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола 1 миллион тонна гидрогени сабз (энергияи сабз ё “зеленого водорода”)-ро барои ниёзҳои дохилӣ тавлид ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир кунад. Дар ин бора  хабаргузории Reuters бо такя ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа хабар додааст. Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гуфтааст, ки  Тоҷикистон ният дорад, то […]

Asia-Plus

То соли 2040 Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳамасола 1 миллион тонна гидрогени сабз (энергияи сабз ё “зеленого водорода”)-ро барои ниёзҳои дохилӣ тавлид ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир кунад. Дар ин бора  хабаргузории Reuters бо такя ба вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа хабар додааст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гуфтааст, ки  Тоҷикистон ният дорад, то соли 2030 иқтидори 10 гигаватт аз манобеи таҷдидшавандаи энергӣ дошта бошад.

“Мо комилан аз маҳсулоти нафтии воридотӣ вобастаем ва ҳоло харитаи роҳ барои тавлиди гидрогени сабзро таҳия карда истодаем”, – гуфтааст Далер Ҷумъа.

Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, нерӯи обии Тоҷикистон тақрибан 4% истифода мешавад.

Дар ин маврид вазири тоҷик гуфтааст, Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 500 ҳазор тонна гидрогени сабз ва то соли 2040 ду баробари онро тавлид кунад.

“75 дарсади ин ҳаҷми тавлиди гидрогени сабз эҳтимолан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ содир мешавад”, – гуфтааст Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Вазорати энергетика ва захоири обии кишвар ҳам менависад, ки Далер Ҷумъа дар конфронси “Ҳафтаи гузариши гидрогени сабз” дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, вазир дар мулоқот дар бораи гузариш ба гидрогени сабз, аз сӯзишвории истихроҷшуда ба энергияи тоза, коҳиши партовҳо ва рушди иқтисоди сабз сӯҳбат карданд.

Ҳамчунин, Далер Ҷумъа дар чаҳорчӯби сафари худ ба Токио бо муовини раиси Агентии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Имото Сачико низ мулоқот анҷом додааст.

Дар мулоқоти онҳо муносибатҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ва JICA, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика дар ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Вазорати энергетика ва захоири обии кишвар ҷузъиёти дигари сафари вазир ба Ҷопонро ироа намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио