Намояндаи Тоҷикистон барои ширкат дар “Формати Маскав” ба Русия рафт

Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст. Ин нишаст пагоҳ, 29-уми сентябр, дар шаҳри Қазон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ҳоло намояндаи Тоҷикистон кӣ аст ва оё ӯ дар ин нишаст суханронӣ мекунад ё […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Намояндаи Тоҷикистон дар панҷумин нишасти машваратии “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ширкат мекунад ва аллакай ӯ ба Русия рафтааст. Ин нишаст пагоҳ, 29-уми сентябр, дар шаҳри Қазон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ҳоло намояндаи Тоҷикистон кӣ аст ва оё ӯ дар ин нишаст суханронӣ мекунад ё на, ба мо маълум нест. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин сафари намояндаи Тоҷикистон аз ВКХ маълумот пешниҳод накарданд.

Дар ин нишаст бори нахуст намояндаи Толибон* низ ширкат менамояд.

Ба иттилои расонаҳои Афғонистон, дар “Формати Маскав” Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи гурӯҳи Толибон иштирок хоҳад кард ва ӯ  ҳоло дар Русия қарор дорад.

Гуфта мешавад, Толибон дар маҷмӯъ аз нишасти “Формати Маскав” хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки “тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳиду мустақил ва аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист”.

Дар нишасти панҷуми “Формати Маскав” оид ба Афғонистон интизор мервад, ки намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам ширкат кунанд.

Қаблан Мария Захарова, сухангӯии вазорати хориҷии Русия гуфта буд, ки дар мулоқот баррасии вазъи кунунии Афғонистон, масъалаҳои мусолиҳаи байни афғонистониҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии кишвар дар назар аст.

“Дар поёни чорабинӣ изҳороти муштараки ҷонибҳо қабул карда мешавад”, – таъкид карда буд Захарова.

Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.

Бори охир моҳи ноябри соли 2022 нишасти чоруми Маскав баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон ба он даъват нашуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва ду сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.