Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар кард

Субҳи имрӯз, 28-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Олмон” ба Олмон рафтааст. Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 28-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Олмон” ба Олмон рафтааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, молия ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки ин сафар се рӯз – аз 28 то 30-юми сентябр идома мекунад.

Дар назар аст, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ва садри аъзами Олмон Олаф Шолс мулоқот анҷом диҳад.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.

Гуфта мешавад, ки мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Баъд аз ин боз ҳам сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дидор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.