Самарқанд пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 интихоб шуд

Шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 эълон шуд. Дар ин бора Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар 12-умин конфронси вазирони фарҳанги ҷаҳони исломӣ дар мавзӯи “Ба сӯи таҷдиди фаъолиятҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом” дар Қатар қабул шудааст. Дар конфронс масъалаҳои марбут ба принсипҳои пешбари […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 эълон шуд. Дар ин бора Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Ӯзбекистон иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар 12-умин конфронси вазирони фарҳанги ҷаҳони исломӣ дар мавзӯи “Ба сӯи таҷдиди фаъолиятҳои фарҳангӣ дар ҷаҳони ислом” дар Қатар қабул шудааст.

Дар конфронс масъалаҳои марбут ба принсипҳои пешбари сиёсати ҷаҳонии фарҳангӣ ва нишондиҳандаҳои рушди устувор, қадр кардани сарватҳои зинда ва донишҳои суннатии башар дар ҷаҳони ислом ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии сарватҳои маънавиву фарҳангӣ баррасӣ шудаанд.

Озодбек Назарбеков дар телеграм-канали худ навиштааст, ки бе муболиға солҳои охир ҷомеаи ҷаҳон рушди маориф, илм ва фарҳангро амиқтар дарк намуда, ба ин се ҷиҳат таваҷҷӯҳ дорад.

“Муҳимтар аз ҳама, дар конфронс Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 тасдиқ карда шуд. Ин мақом ба мо имкон медиҳад, ки мероси фарҳангии худро бори дигар ба ҷаҳониён нишон диҳем”, – афзудааст вазири фарҳанги Ӯзбекистон.

Ҳамин тавр, пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 шаҳри Шуша дар минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон эълон гардидааст.

Дар ин конфронс ҳамаи вазирони Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) ширкат доштаанд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам иштирок ва суханронӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2020 шаҳри Бухорои Ӯзбекистон пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом ва соли 2022 шаҳри Работи пойтахти давлати Марокаш пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом эълон шуда буданд. Соли 2021 ин мақомро шаҳри Давҳаи Қатар сазовор гардида буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом эълом гардида ва дар ин замина дар пойтахти кишвар як қатор конфросу ҳамоишҳо баргузор гардида буданд.

Ёдрас мекунем, ки Бухорову Самарқанд ду шаҳри қадима ва марказҳои тамаддуни тоҷикон буданд, ки дар замони Шӯравӣ ба қаламрави кишвари Ӯзбекистон вогузор гардиданд. Аммо то ба ҳол тоҷикони зиёд дар ин ду шаҳр иқомат мекунад ва забони гуфтугӯяшон ҳам бештар тоҷикӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.