Боришоти пуршиддат ва барф: дар Тоҷикистон ҳаво якбора хунук мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ шаҳрвандонро аз якбораи тағйирёбии вазъи обуҳаво огоҳ мекунад.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 6-7 октябр дар водиҳо борони пуршиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) бо гузаштан ба барф дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа поин рафта, суръати вазиши шамол то 13-18 м/сония пурзӯр мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар боришоти пуршиддат, раъду барқ ва жола, инчунин шамоли сахт бо суръати то 15-20 м/сония пешгӯи мешавад.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, пешбинӣ шудааст.

“Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қарор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, – омадааст дар хабари КҲФ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...