Таъсиси Фонди хароҷоти Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки дар мавриди амалисозии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи “Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо” Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.

Қарори марбутаи қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Ба ҳайати Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 30 нафар шахсони расмӣ шомил мешаванд.

Ба Кумитаи тадорукот супориш дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳои ташаббуси панҷуми президенти Тоҷикистонро тасдиқ ва ҷиҳати амалисозии он дар муҳлатҳои муқарраршуда тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо соли 2025 дар Душанбе таҳти унвони “Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Кумитаи тадорукот дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи СММ ба муайян кардани санаи дақиқи баргузории конфронс уҳдадор шудааст.

Ҳамчунин барои баргузории чорабиниҳои конфронси байнулмилалӣ фонди махсус, суратҳисоби бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ таъсис дода мешавад.

“Таъминоти тадорукотӣ ва моддӣ-техникии Кумитаи тадорукот ва котиботи конфронс аз ҳисоби маблағҳои фонди конфронс, буҷети ҷумҳуриявӣ, саҳми вазорату идораҳо ва шарикони рушд амалӣ карда мешавад”, – илова карда мешавад дар санад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо, ки ба қарор замима шудааст, 57 тадбирҳои гуногун пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи “Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, қабул кард. Қатънома бо дастгирии 153 кишвари узви СММ қабул шуд.

Бар асоси қатъномаи қабулшуда пешниҳодҳои зерин аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд:

– рӯзи 21 март эълон шудани Рӯзи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– соли 2025 эълон шудани Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– таъсиси фонди байнулмилалии трастӣ дар назди СММ баҳри мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;

– дар соли 2025 баргузор намудани Конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...