Таъсиси Фонди хароҷоти Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки дар мавриди амалисозии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи “Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо” Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад. Қарори марбутаи қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Ба ҳайати Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 30 нафар шахсони расмӣ шомил мешаванд. […]

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки дар мавриди амалисозии қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи “Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо” Кумитаи тадорукот таъсис дода шавад.

Қарори марбутаи қабулкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин хусус дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Ба ҳайати Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 30 нафар шахсони расмӣ шомил мешаванд.

Ба Кумитаи тадорукот супориш дода шудааст, ки Нақшаи чорабиниҳои ташаббуси панҷуми президенти Тоҷикистонро тасдиқ ва ҷиҳати амалисозии он дар муҳлатҳои муқарраршуда тадбирҳои амалӣ андешад.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо соли 2025 дар Душанбе таҳти унвони “Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Кумитаи тадорукот дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбутаи СММ ба муайян кардани санаи дақиқи баргузории конфронс уҳдадор шудааст.

Ҳамчунин барои баргузории чорабиниҳои конфронси байнулмилалӣ фонди махсус, суратҳисоби бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ таъсис дода мешавад.

“Таъминоти тадорукотӣ ва моддӣ-техникии Кумитаи тадорукот ва котиботи конфронс аз ҳисоби маблағҳои фонди конфронс, буҷети ҷумҳуриявӣ, саҳми вазорату идораҳо ва шарикони рушд амалӣ карда мешавад”, – илова карда мешавад дар санад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо, ки ба қарор замима шудааст, 57 тадбирҳои гуногун пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлосияи 77-ум қатъномаи “Соли 2025 – Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, қабул кард. Қатънома бо дастгирии 153 кишвари узви СММ қабул шуд.

Бар асоси қатъномаи қабулшуда пешниҳодҳои зерин аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд:

– рӯзи 21 март эълон шудани Рӯзи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– соли 2025 эълон шудани Соли байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– таъсиси фонди байнулмилалии трастӣ дар назди СММ баҳри мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;

– дар соли 2025 баргузор намудани Конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.