Медали биринҷии ҷудокори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон

Ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар дараҷаи вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Португалия ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид. Дар қувваозмоии аввал Абубакр Шеров бар варзишгари амрикоӣ, дар рақобати дуюм – бар намоянаи Бразилия ва дар даври чаҳорякфинал – бар гӯштингири Украина дастболо шуд. Дар даври нимфиналӣ Абӯбакр аз намояндаи Қазоқистон […]

Ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров дар дараҷаи вазни то 73 кг дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон дар Португалия ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.

Дар қувваозмоии аввал Абубакр Шеров бар варзишгари амрикоӣ, дар рақобати дуюм – бар намоянаи Бразилия ва дар даври чаҳорякфинал – бар гӯштингири Украина дастболо шуд.

Дар даври нимфиналӣ Абӯбакр аз намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрда, барои ишғоли ҷойи сеюм варзишгари Ҷопонро мағлуб кард.

Дар ҳамин дараҷаи вазн варзишгари дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев бар ду ҳарифаш дастболо шуда, дар қувваозмоӣ барои роҳ ёфтан ба даври нимфиналӣ ба шикаст дучор шуд.

Қаблан дар рақобатҳои даврҳои аввал дар дараҷаи вазни то 66 кг Фазлиддин Садриддинзода низ мағлуб шуда буд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон дар шаҳри Одивелаши Португалия рӯзи 7 октябр ба итмом мерасад. Дар ин рӯзҳои боқимонда варзишгарони зерини тоҷик ба рақобат мепардозанд:

Муҳамадджон Абдуҷалилов (-81 кг);

Сайфиддин Сайфиддинзода (-81 кг);

Сомон Кишваров (-90 кг);

Умедҷон Раҷабов (-90 кг);

Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг);

Иброҳимджон Элмуродов (+100 кг).

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон Тоҷикистон ба дарёфти ду медали тилло ва ду биринҷӣ ноил гардидааст.

Соли 2017 дар Загреб Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни то 100 кг ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд.

Соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 2022 дар ҳамин дараҷаи вазн Нуралӣ Эмомалӣ комёбии Сомонро такрор карда, медали дуюми тиллоро барои дастаи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.