Адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайнидинов аз олам даргузашт

Шоми дирӯз, 5-уми октябр, публистист ва адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайнидинов бар асари беморӣ дар  65-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) хабар дод. Ин адабиётшинос, ки ба ҳайси номзади илми филология дар ДМТ фаъолият мекард, бемор ва дар Маркази тиббии шаҳрии №2 (маъруф ба “Медгородок”) бистарӣ буд, ки шоми […]

Asia-Plus

Шоми дирӯз, 5-уми октябр, публистист ва адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайнидинов бар асари беморӣ дар  65-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) хабар дод.

Ин адабиётшинос, ки ба ҳайси номзади илми филология дар ДМТ фаъолият мекард, бемор ва дар Маркази тиббии шаҳрии №2 (маъруф ба “Медгородок”) бистарӣ буд, ки шоми дирӯз аз олам чашм пӯшид.

Бино ба иттилои пайвандонаш, ҷаноза баъди намози зуҳри имрӯз дар зодгоҳи марҳум – деҳаи Ворухи шаҳри Исфара баргузор мегардад ва ӯро дар зодбумаш ба хок месупоранд.

Ӯ 3-юми декабри соли 1958 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1976 мактаби миёна, соли 1981 факултети филологияи тоҷики ДМТ, соли 1987 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм карда буд.

Марҳум рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX” дифоъ кардааст.

Соли 2009 барои хизматҳои шоён дар соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон”; соли 1998 “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”; соли 2010 “Аълочии фарҳангии Тоҷикистон”; соли 2009 сазовори мукофоти давлатии “Ордени дӯстӣ” гардидааст.

Моҳи марти соли 2023 барои хидматҳояш дар публистистика Ҷоизаи ба номи А. Лоҳутиро низ гирифта буд.

Муаллифи китобу дастурҳои «Машъалафрӯз» (1995), «Раҳнамои накӯиҳо» (1998), «Фонуси ёдҳо» (1998), «Қайюм Носирӣ. Абӯалӣ Сино» (2008), «Адабиёти ҷаҳон» (2001), «Тафсири Ҳусайнӣ. Сураи Юсуф» (2004), (бо ҳаммуалифӣ) «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2005), «Ёде аз бузургон» (2010), «Таърихи адабиёти хориҷӣ» (2015), «Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо» (2016). Барномаи таълимии адабиёти иттиҳод (2005), Барномаи таълимии адабиёти хориҷӣ (2005), китоби дарсии «Адабиёти ҷаҳон барои синфҳои 10-11» (2001) мебошад.

Муалифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо низ ҳаст.

Солҳои 1993-1996 муовини декани факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ ва солҳои 2008 – 2011 декани ин факултети журналистикаи ДМТ буд.

Солҳои 1999 – 2001 ба ҳайси мудири шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2001 – 2002 ба ҳайси муовини сардори қисми таълими ДДМТ фаъолият дошт.

Соли 2002 тариқи гузариш фаъолияти меҳнатиашро дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ба сифати сармутахассис идома додааст. Соли 2005 тариқи гузариш ба ДДМТ баргашта, то соли 2008 ба сифати сардори Идораи таълимию методӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2013 то 2022 мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ буд.

Узви Иттиҳоди тарҷумонҳо ва ноширони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия; аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2009), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015) мебошад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузшти публистист ва адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайнидинов андӯҳгин буда, аз даргоҳи илоҳӣ ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.