ВКХ ҶТ: “Тоҷикистон дар масоили Афғонистон аз манфиатҳои миллӣ кор мегирад”

Рӯзи 29 сентябр дар Қазон вохӯрии навбатии формати Маскав перомуни Афғонистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он ҳамаи иштирокдорон ба ҷуз Тоҷикистон, Эъломияи хотимавири маъқул донистанд. Бо гузашти қариб як ҳафта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон ин масъаларо шарҳ дод. Дар ҳамин ҳол, «манфиатҳои миллӣ» ягона чизест, ки дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ҷой дошт. Дар […]

Рӯзи 29 сентябр дар Қазон вохӯрии навбатии формати Маскав перомуни Афғонистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаҳои он ҳамаи иштирокдорон ба ҷуз Тоҷикистон, Эъломияи хотимавири маъқул донистанд. Бо гузашти қариб як ҳафта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикитсон ин масъаларо шарҳ дод.

Дар ҳамин ҳол, «манфиатҳои миллӣ» ягона чизест, ки дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷӣ ҷой дошт.

Дар ВКХ аз шарҳи гуфтаҳои намояндаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон Замир Кабулов, ки қаблан аз ҷузъиёти раванди музокирот оид ба эъломияи хотимавии мулоқот дар Қазон, аз ҷумла мавқеъи ҷониби Тоҷикистон дар мавриди қабул надоштани муқаррароти алоҳидаи санад изҳори назар карда буд, худдорӣ варзиданд.

Дар ВКХ Тоҷикистон танҳо ба дипломати воломақоми Русия тавсия доданд, ки “одоби дипломатиро риоя кунад”.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии рӯзи 29 сентябр дар Қазон намояндагони 15 кишвар бо шумули Русия, аз ҷумла намояндагони махсуси ВКХ аз Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ дар Афғонистон, масоили созиш байни афғонҳо, таъмини амният дар минтақа ва барқарорсозии кишвар пас аз ҷангро баррасӣ карданд. Афғонистонро як ҳайат таҳти сарварии сарпарасти вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Толибон Амир-Хон Муттақӣ намояндагӣ кард.

Қаблан сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён ба “Азия-Плюс” бобати ба кадом бандҳои эъломияи ниҳоӣ мувофиқ набудани Тоҷикистон ва барои чӣ муҳим будани он ба кишвари мо изҳори назар карда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.