Суғд: Ҳалокати 130 нафар дар 9 моҳ аз ҳаводиси фавқулода

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Давоми 9 моҳи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд 468 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 130 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи зарар аз ин ҳаводис бошад, 22,7 млн сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Диловар Ҳамдамов, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шумораи офатҳои табиӣ ва ҳодисаи фавт дар пайи он нисбати соли гузашта кам шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 дар вилоят 497 ҳодисаҳои фавқулода ба амал омада, боиси марги 134 нафар шуда буд. Зарари расида ҳам 14,2 млн сомонӣ будааст.

Диловар Ҳамдамов аз чанд ҳодисаи пурхисорот ёдовар шуд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки 27-уми феврали соли равон дар ҳодисаи лағзиши тарма дар километри 157,4 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардошта буд.

“Бештари зарарҳои ба хоҷагии халқ расида аз селҳои баҳорӣ буданд. Сели рӯзи 2 апрели соли 2023 ба хоҷагии халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 380 ҳазор сомонӣ ва селҳои рӯзҳои 11-ум ва 16-уми май дар ноҳияи Айнӣ ҳудудан 428 ҳазор сомонӣ зарарӣ иқтисодӣ расонд”, – зикр кард Диловар Ҳамдамов.

Заминларзае, ки 23 марти соли равон ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро такон дод, хонаҳои зиёдеро дар ҷамоати деҳоти Палдорак, деҳаҳои Палдорак, Роғ, Дашти миёна, Деҳманора, Ярм, Пакшиф, Самҷон ва Худгифи боло хароб кард. Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода зарари аз ин ду заминҷунбӣ расидаро 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...