Суғд: Ҳалокати 130 нафар дар 9 моҳ аз ҳаводиси фавқулода

Давоми 9 моҳи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд 468 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 130 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи зарар аз ин ҳаводис бошад, 22,7 млн сомониро ташкил додааст. Ба иттилои Диловар Ҳамдамов, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди […]

Давоми 9 моҳи соли 2023 дар ҳудуди вилояти Суғд 468 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 130 нафар ба ҳалокат расидааст. Маблағи зарар аз ин ҳаводис бошад, 22,7 млн сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои Диловар Ҳамдамов, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шумораи офатҳои табиӣ ва ҳодисаи фавт дар пайи он нисбати соли гузашта кам шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2022 дар вилоят 497 ҳодисаҳои фавқулода ба амал омада, боиси марги 134 нафар шуда буд. Зарари расида ҳам 14,2 млн сомонӣ будааст.

Диловар Ҳамдамов аз чанд ҳодисаи пурхисорот ёдовар шуд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, ки 27-уми феврали соли равон дар ҳодисаи лағзиши тарма дар километри 157,4 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 5 нафар ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардошта буд.

“Бештари зарарҳои ба хоҷагии халқ расида аз селҳои баҳорӣ буданд. Сели рӯзи 2 апрели соли 2023 ба хоҷагии халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 380 ҳазор сомонӣ ва селҳои рӯзҳои 11-ум ва 16-уми май дар ноҳияи Айнӣ ҳудудан 428 ҳазор сомонӣ зарарӣ иқтисодӣ расонд”, – зикр кард Диловар Ҳамдамов.

Заминларзае, ки 23 марти соли равон ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳро такон дод, хонаҳои зиёдеро дар ҷамоати деҳоти Палдорак, деҳаҳои Палдорак, Роғ, Дашти миёна, Деҳманора, Ярм, Пакшиф, Самҷон ва Худгифи боло хароб кард. Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулода зарари аз ин ду заминҷунбӣ расидаро 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ ҳисоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.