Ҷанги Исроилу Фаластин. Тоҷикистон аз ҷонибҳо хост, ба хушунатҳо хотима диҳанд

Бар асари мушакпартоӣ ва ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос”-и Фаластин ба Исроил беш аз 700 ғайринизомиён, афсарони низомӣ ва пулиси исроилӣ кушта шуданд, беш аз 100 низимӣ ба асорат афтоданд ва дар ин мамлакат вазъи ҷангӣ эълон гардид. Фаластин низ аз садҳо куштаву захмӣ ва фирори ҳазорон сокини осоишта иттилоъ медиҳанд. Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар робита […]

Бар асари мушакпартоӣ ва ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос”-и Фаластин ба Исроил беш аз 700 ғайринизомиён, афсарони низомӣ ва пулиси исроилӣ кушта шуданд, беш аз 100 низимӣ ба асорат афтоданд ва дар ин мамлакат вазъи ҷангӣ эълон гардид. Фаластин низ аз садҳо куштаву захмӣ ва фирори ҳазорон сокини осоишта иттилоъ медиҳанд. Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар робита ба вазъ дар Ховари Миёна хостори хотима додани хушунатҳо шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки муташанниҷ шудани вазъ дар Ховари Миёна, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта ва тахриб шудани миқдори зиёди иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ гаштааст, нигаронии амиқро дар Тоҷикистон ба бор овард.

“Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зуровариро қатъиян маҳкум карда, ҷонибҳоро барои фавран хотима додани хушунатҳо ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ даъват менамояд”, – аз ҷонибҳо даъват кардааст ВКХ Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки рӯзи 7-уми октябр, гурӯҳи “Ҳамос”-и Фаластин ба ҷануби Исроил ҳазорон мушак партоб кард ва чанд нафар аъзои он ба Исроил ҳамла карданд.

Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин ҳамлаи гурӯҳи “Ҳамос” дар 50 соли охир ба Исроил аст.

Расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ки рӯзи шанбе дар як ҳамла афроди мусаллаҳи “Ҳамос” ба 22 макон дар ҷануби Исроил, аз ҷумла шаҳракҳо ва ҷамоаҳои хурд дар фосилаи 24 километр аз марзи Ғазза ҳамла карданд. Дар баъзе ҷойҳо онҳо соатҳо сайру гашт карда, вақте ки артиши Исроил барои посух додан ба ин ҳодиса талош мекард, ғайринизомиён ва сарбозонро тирборон карданд. Ҳамзамон, ба сӯи шаҳракҳои ҷануб ва марказ ҳазорон мушак партоб карда шуд.

Мақомоти расмии Исроил рӯзи якшанбе гуфтаанд, ки “бар асари ҳамлаи густурдаи “Ҳамос” ба ҷамоатҳои исроилӣ дар наздикии Ғазза ва бар асари партоби ҳазорон мушак ба сӯи Исроил беш аз 700 нафар кушта шудаанд, ки тибқи гузоришҳо, хунинтарин рӯз дар таърихи ин кишвар аст”.

Дафтари матбуоти ҳукумати Исроил гуфт, ки шумори гаравгонҳо дар Ғазза беш аз 100 нафар будааст.

“Ҳамос” ва Ҷиҳоди исломӣ, гуруҳи дигари фаластинӣ шаби якшанбе хабар доданд, ки ҳудуди 130 нафар аз исроилиёнро гаравгон гирифтаанд ва иддао доранд, ки қисме аз гаравгонҳо хидматчиёни артиш ҳастанд.

Хабаргузории ВВС бо такя ба манобеи худ менависад, ки бар асари ҳамлаи гурӯҳи Ҳамос 2150 нафар исроилиён маҷрӯҳ шудаанд. Ҷангҷӯёни фаластинӣ ба сӯи Исроил ҳудуди 3300 мушак партоб кардаанд.

Дар ҳамин ҳол “Ҳамос” ин рақамро беш аз 5000 мушак эълом кардааст.

Мақомоти Фаластин аз кушта шудани 413 нафар аз навори Ғазза ва захмӣ шудани 2300 нафар дар ҳамлаҳои ҷавобии Исроил хабар доданд.

Бояд гуфт, ки Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо инҷониб миёни ҳам муноқиша доранд ва баҳси онҳо сари қаламравҳое аст, ки Исроил онро ба тадриҷ ғасб кардааст.

Исроил пас аз таъсисёбӣ дар соли 1948 то кунун каламравҳои зиёди давлати Фаластинро бо истифода аз зӯр соҳиб шуд ва ин боиси оғози низои давомдор шуд, ки то кунун идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.