Гази моеъ боз гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст

Имрӯз, 10-уми октябр, чанд ронанда ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гази моеъро аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 6,80 сомонӣ ва дар Хуҷанд 6,70 сомонӣ харидаанд. Ду рӯз пеш қимати гази моеъ 6,10-6,20 сомонӣ буд. Нархи дигар навъҳои сузишворӣ тағйир наёфтааст. Бензини АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе бо нархи 10,90 сомонӣ, дар Хуҷанд 10,80 сомонӣ фурӯхта […]

Сайфиддин Караев, Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми октябр, чанд ронанда ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гази моеъро аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 6,80 сомонӣ ва дар Хуҷанд 6,70 сомонӣ харидаанд. Ду рӯз пеш қимати гази моеъ 6,10-6,20 сомонӣ буд.

Нархи дигар навъҳои сузишворӣ тағйир наёфтааст. Бензини АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе бо нархи 10,90 сомонӣ, дар Хуҷанд 10,80 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бензини навъи АИ-95 дар Душанбе 11,50 сомонӣ, дар Хуҷанд 11,30 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сӯзишвории дизелӣ дар Душанбе 11,60 сомонӣ ва дар Хуҷанд 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Намояндагони мақомоти расмӣ мегӯянд, афзоиши қимати гази моеъ дар кишварҳои содиркунандаи ин маводи сӯхт низ мушоҳида мешавад.

Илова бар ин, ба гуфтаи манобеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камбуди гази моеъ мушоҳида мешавад.

Яке аз ронандагон ба “Азия-Плюс” гуфт, аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории шаҳр натавонистааст гази моеъ харидорӣ намояд. Сокиноне, ки аз балони газ истифода мебаранд, дар пур кардани сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти рӯзгор низ мушкил доранд.

Коршиносон болоравии нархи гази моеъро на танҳо бо таъсири қурби асъор ва болоравии нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда, балки ба лағви квотаҳои содиротӣ барои гази моеъ дар Қазоқистон ва маҳдудиятҳо дар содироти сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аз Русия вобаста медонанд.

Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад. Тағйирёбии қимати сӯзишворӣ дар ин кишварҳои таъминкунанда, ки дар пайи тағйирёбии қурби рубли русӣ аст, мустақиман ба нархҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

Дар ин бора муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода дар авоили моҳи август гуфта буд: “Нархи гази моеъ дар ҷумҳурӣ мустақиман аз қимати ин навъи маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда вобаста аст”.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.