Оғози машқҳои муштараки “Бародарии шикастнопазир-2023” дар Қирғизистон

Дар тамрингоҳи “Эделвейс” дар Қирғизистон маросими ифтитоҳи марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” доир гардид, хабар медиҳад RT. Машқҳо аз 9 то 13 октябр баргузор мешаванд. “Имрӯз мо ба марҳилаи хотимавии  машқҳои фаврӣ-стратегии Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023”, ки бо назардошти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон гузаронида мешавад, оғоз мекунем”, – изҳор доштааст […]

Asia-Plus

Дар тамрингоҳи “Эделвейс” дар Қирғизистон маросими ифтитоҳи марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” доир гардид, хабар медиҳад RT. Машқҳо аз 9 то 13 октябр баргузор мешаванд.

“Имрӯз мо ба марҳилаи хотимавии  машқҳои фаврӣ-стратегии Неруҳои дастаҷамъии СААД “Бародарии шикастнопазир-2023”, ки бо назардошти вазъи воқеӣ дар ҷаҳон гузаронида мешавад, оғоз мекунем”, – изҳор доштааст муовини вазири мудофиаи Қирғизистон Руслан Мукамбетов.

Ба гуфтаи ӯ, машқҳои “Бародарии шикастнопазир” дар навбати аввал ба омодагии муштараки фаврӣ ва ҷангии воҳидҳои шомил ба ҳайати Неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи кишварҳои узви Созмон равона шудааст.

Дар навбати худ, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зикр кард, ки имрӯз давлатҳои узви СААД аз таҷрибаи зиёда аз 25-солаи посдории сулҳ дар саросари ҷаҳон бархӯрдоранд.

“Такмили минбаъдаи ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи СААД ва омодагии онҳо барои иҷрои вазифаҳои пешбинишуда муҳимтарин самти рушди низоми амнияти дастаҷамъии созмон дар солҳои оянда мебошад”, – гуфтааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2023” нерӯҳои низомии посдори сулҳи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Низомиёни тоҷик рӯзи 5 октябр ба Қирғизистон раҳсипор шуданд.

Интизор мерафт, ки машқҳои “Бародарии шикастнопазир-2023” имсол дар Арманистон баргузор шавад. Аммо Вазорати дифои Арманистон ба СААД дар бораи номувофиқ будани баргузории тамриноти нерӯҳои посдори сулҳи СААД “Бародарии шикастнопазир-2023” хабар дод. Анатолий Сидоров изҳор дошт, ки ин машқҳо дар Қирғизистон баргузор мешаванд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки пас аз даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон низомиёни тоҷик бори аввал барои иштирок дар машқҳо ба қаламрави Қирғизистон ворид шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.