Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифои Эрон ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амниятро баррасӣ карданд

Asia-Plus

Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ, ки имрӯз, 18 октябр доир гардид, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир  зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва   ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҳарду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.

Аз дигар ҷузъиёти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш аз ин вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо вазири мудофаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид кард. Мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва рушди техникаи ҳарбӣ иборат буд.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...