Занони деҳоти Тоҷикистон чӣ гуна рӯзгорашонро пеш мебаранд ва ҳатто пул ҳам ҷамъ мекунанд?

Тибқи маълумоти Барномаи кишоварзӣ ва озуқавории СММ – ФАО дар бахши кишоварзии Тоҷикистон қариб 60%-и қувваи кориро занон ташкил медиҳанд. Мо як рӯзро бо онҳо гузаронидем ва ҳикоят мекунем, ки онҳо ба чӣ корҳо машғул мешаванд. Бригадири занони кироя Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта ва шолӣ (биринҷ) дар ҷӯшу хурӯш аст. Қисмати зиёд корҳои дастӣ […]

Тибқи маълумоти Барномаи кишоварзӣ ва озуқавории СММ – ФАО дар бахши кишоварзии Тоҷикистон қариб 60%-и қувваи кориро занон ташкил медиҳанд. Мо як рӯзро бо онҳо гузаронидем ва ҳикоят мекунем, ки онҳо ба чӣ корҳо машғул мешаванд.

Бригадири занони кироя

Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта ва шолӣ (биринҷ) дар ҷӯшу хурӯш аст. Қисмати зиёд корҳои дастӣ аз ҷониби занон иҷро карда мешавад. Онҳо субҳи барвақт ба заминҳо баромада, то шом дар он ҷо кор мекунанд. Барои ин ба онҳо хӯроки нисфирӯзӣ ва 70-80 сомонӣ барои 1 рӯзи корӣ дода мешавад.

Мардон ба корҳои таъмиру сохтмон мераванд, арзиши заҳмати онҳо на камтар аз 100 сомонӣ дар 1 рӯзро ташкил медиҳад…

Зуҳро Салимова (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз шудааст) зиёда аз 20 сол аст, ки бо корҳои мавсимӣ дар заминҳои фермерон дар шаҳри Турсунзода машғул аст. Дар ин муддат ӯ то мансаби бригадири ғайрирасмии занон дар деҳаи худ сабзида расид. Дар вақтҳои зарурӣ фермерон ва иҷорагирон маҳз ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Рӯйхати Зуҳро зиёда аз 100 нафар занони натанҳо маҳаллаи худаш, балки маҳаллаҳои аҳолинишин ҳмсояро низ дар бар мегирад. Зуҳро худаш оид ба шароитҳои пардохти музди меҳнат, нақлиёт ва хӯрок гапзанон мекунад.

Ӯ имконият ва ҳолати ҷисмонии ҳар кадоме аз занони дар рӯйхат бударо бахубӣ дониста, мувофиқи салоҳдиди худ онҳоро ба кор тақсим мекунад.

Бегоҳӣ назди ӯ зани ҷавоне омад, ки хеле лоғар асту аз камхунӣ азият мекашад.

Шавҳараш ба Русия пулкоркунӣ рафта, пули гоҳ-гоҳ мефирситода ӯ ба таъмини рӯзгор намерасад. Боз болои ин қурби рубли русӣ ҳам поин рафтааст.

Аз ин рӯ, барои ӯ маблағи иловагӣ кор кардан лозим аст. Зан хоҳиш мекунад, ки ӯро ба гурӯҳи заноне, ки ба ҷамъоварии ҷуворимакка машғуланд, дохил кунад.

“Лекин бо як шарт, – ваъда медиҳад Зуҳро. – Дар пешдоман ҷамъ карда, худат намебардорӣ, зеро қувваат намерасад. Пешдоманҳои пуршударо дар ҷӯяк мегузорӣ, онҳоро дигарон ба назди мошин мебаранд”.

Назди хонаи ӯ зиёда аз 20 нафар занон бо досҳо ҷамъ шудаанд. Онҳо ба дарави шолӣ мераванд. Мошинро интизоранд, то ки онҳоро назди замин барад.

Фермер ба Зуҳро ваъда додааст, ки дар хӯроки нисфирӯзи барои занон оши палав пухта, барои кори якрӯзаашон 50 сомонӣ медиҳад. Лекин бригадирзан исрор варзид, ки барои рӯзи корӣ 70 сомонӣ дода шуда, ба оши палав чойи гарм ҳам илова шавад.

Кори мавсимӣ доимист

Дар деҳаҳои шаҳру навоҳии бахши кишоварзиашон калон кори мавсимӣ ҳамеша кофист. Лекин ҳамаи он шуғли ғайррасмист. Маҳз барои ҳамин Зуҳро-апа қотеъона муқобили он аст, ки онҳоро навор ё аксбардорӣ намоянду ба ҳамаи кишвар дар бораи онҳо ҳикоят кунанд.

Чизе гуфта намешавад: ногаҳон касе аз мақомот тасмим нагирад, ки онҳоро зери назорати худ мегирад…

Ба гуфтаи Зуҳро-апа, имрӯз ба меҳнати кирояи занон талабот зиёд аст. Ин ҳам барои деҳқонон ва ҳам барои занони бекори деҳот хуб аст. Ва натанҳо барои бекорон — рӯзҳои истироҳат муаллимону ҳамшираҳои шафқат, кормандони идораҳои гуногун, ки маошашон ночиз аст, низ чунин корҳо дархост мекунанд.

Ҳар моҳ ҷадвали худро дорад. Дар фасли зимистон —моҳҳои январ ва феврал занҳо ба хишоваи пиёз мебароянд, дар гармхонаҳо кӯчати ниҳолҳо мешинонанд, навдаҳои токи ангурро мебуранд.

Дар моҳҳои март ва апрел вақти корҳои дастӣ шинондани тухмиву кӯчатҳои сабзавоту меваҳо , хишова ва нарм кардани замин фаро мерасад.

Шурӯъ аз моҳи май бонавбат сабзавоту меваҳои гуногун ба пухта расидан оғоз мекунанд ва барои ҷамъоварии гелосу хурмо, помидору бодиринг, караму ҷуворимакка, пахтаву гандум ва ғайра қувваи корӣ лозим аст.

Кори аз ҳама душвортарин шинонидани шолӣ маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи Зуҳро, ҳозир мавсими ҷамъоварии шолӣ ва пахта давом дорад, сипас шинонидани пиёзи ва карами тирамоҳӣ оғоз мегардад.

Аз тулӯъ то ғуруб

Рӯзи занони деҳот ҳанӯз то тулӯи офтоб, вақти равшан шудани барқ оғоз мегардад. Дар ин вақт ӯ ба тайёр кардани хӯроки субҳона барои оила, фиристодани фарзандон ба мактаб, ба нигоҳубини шахсони дар хона қарордошта, масалан хушдоман супоридани кӯдакони хурдсол фурсат меёбад.

Наздикиҳои соати 8, замоне, ки барқро хомӯш мекунанд, ӯ аллакай барои ба саҳро баромадан омода мешавад.

Бегоҳӣ пас аз бозгашт аз кор, ӯ дар навбати аввал ба корҳое даст мезанад, ки неруи барқро талаб мекунанд: пухтупаз, либосшӯӣ, оббозӣ дорондани кӯдакон – ҳамаи ин вақти зиёдро мегирад.

Ҷунбуҷӯл ва корҳои ӯ баъди қатъ гардидани интиқоли барқ низ идома меёбад.

Зани деҳот ҳеҷ гоҳ аз 6 соат зиёд хоб намеравад. Чунин ҳам мешавад, ки баъзан бемор мешавад, дар ин ҳолатҳо ду-се рӯз табобат гирифта, боз ба кор – ба саҳро меравад.

Агар аз истироҳат гап занем, 1-2 бор дар як моҳ имкон мешавад. Касе, ки имкон дорад, дар ҳавлии яке аз занон ҷамъ шуда, шомгоҳон ҳамроҳ хурсандӣ мекунанд.

Шаҳло, келини ҳамсояи Зуҳро, дойраро хеле хуб навохта, сурудҳои фолклорӣ мехонад. Дигарон ба ӯ ҳамроҳ шуда, рақсу бозӣ мекунанд.

Мардонро ба давраашон роҳ намедиҳанд – қоидаҳои деҳот сахт аст. Ҳатто мардони соҳиби хона ҳам 2-3 соат аз хона мераванд, то ки ба хурсандии занон халал нарасонанд.

“Онҳо ба ин меарзанд, – мегӯяд раиси маҳалла акаи Сафар. – Мо занони зебо ва тавоно дорем. Тамоми иқтисоди деҳот маҳз ба онҳо такя мекунад”.

Занони меҳнати кироя аз зиндагӣ шикоят надоранд. Онҳо ҳадди ақалл аз он миннатдоранд, ки аслан даромад доранд. Баъзан ҳатто пул ҷамъ карда метавонанд, то ки ягон чизи арзандае бихаранд.

Гулнисо бо пули ҷамъкардааш мошин харида, ронандагиро омӯхт ва акнун ба ғайр аз худаш, боз чор дугонаашро бо мошин гирифта, ба корҳои саҳроӣ мебарад.

Ба гуфтаи як духтари дигар, ӯ дар ин мавсим 8 ҳазор сомонӣ пул кор кардааст. Як қисмати онро ӯ мехоҳад, ки барои хариди сарулибос сарф кунад, охир баъзан барои худ ҳам туҳфа лозим аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.