Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифои Эрон ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амниятро баррасӣ карданд

Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ, ки имрӯз, 18 октябр доир гардид, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир  […]

Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ, ки имрӯз, 18 октябр доир гардид, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир  зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва   ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҳарду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.

Аз дигар ҷузъиёти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш аз ин вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо вазири мудофаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид кард. Мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва рушди техникаи ҳарбӣ иборат буд.

Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.