Вазирони дифои Тоҷикистону Эрон дар чӣ бора ба созиш расиданд?

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни вохӯрӣ бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро баррасӣ кард. Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад, мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо зимни вохӯрӣ бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал-майор Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиро баррасӣ кард.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад, мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва рушди техникаи ҳарбӣ иборат буд.

“Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳо дар самти  мубориза бо терроризм ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои низомӣ байни Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ аз дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” илова намуданд, ки ин аввалин сафари вазири мудофиаи Эрон ба Тоҷикистон буда, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ёдрас мекунем, ки вазири дифои Эрон рӯзи 17 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Имрӯз дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст.

Моҳи майи соли 2022 Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон омада буд.

Зикр гардида буд, ки ӯ ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли паҳпод (дрон) ё тайёраҳои бесарнишини эронии Абобил II иштирок карданд.

Ҳамчунин Боқирӣ бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, дар мулоқотдоираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ баррасӣ шуд.

То имрӯз дар бораи оғоз шудани истеҳсоли тайёраҳои бесарнишин дар ин корхона ягон маълумот дастрас нест.

Охири моҳи октябри соли 2022 рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордон Тоҷикистонро ба даст доштан дар истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ, ки ба гуфтаи ӯ, дар ҳамлаҳо ба Украина истифода мешаванд, гунаҳкор карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин гуфтаҳоро рад намуда, таъкид дошт, ки  ҷумҳурӣ таҷҳизоти ҳарбиро ба кишвари сеюм содир намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.