Вазири дифои Эрон ба Тоҷикистон меояд

Имрӯз, 17-уми октябр, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии Эрон “Тасним” иттилоъ медиҳад. Ба гузориши ин хабаргузорӣ Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дар раъси як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо […]

Asia-Plus

Имрӯз, 17-уми октябр, Амир Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва ҳимояти нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии Эрон “Тасним” иттилоъ медиҳад.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ Муҳаммадризо Оштиёнӣ, дар раъси як ҳайъати баландпоя вориди Душанбе хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мулоқот мекунад.

“Баррасии масоили амниятӣ ва дифоии ду кишвар ва пайгирии қарордодҳои дифоии ду кишвар аз аҳдофи сафари Амир Оштиёнӣ ба Тоҷикистон аст”, – навиштааст манбаъ.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, соли гузашта дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дифоии Эрон ва Тоҷикистон, дар Тоҷикистон хатти тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2” бо ҳузури сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ифтитоҳ шуд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи сафари вазири дифои Эрон ба кишвар то ҳол ҳеҷ иттилое надодааст. Ҳамин тавр, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ифтитоҳи корхонаи тавлиди ҳавопаймои бесарнишини эронии “Абобил-2”-ро низ шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.