ВКХ-и Тоҷикистон ҳамла ба бемористони Ал-Аҳлии Фаластинро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба бемористони “Ал-Аҳлӣ-и Фаластин, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз афрод, аз ҷумла кӯдакон ва занон шуд, маҳкум мекунад. Дар ин бораи ВКХ дар телеграмм канали худ хабар медиҳад. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷа, муассисаҳои ғайринизомӣ, бахусус бемористонҳо дар ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гирифта, дар […]

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамла ба бемористони “Ал-Аҳлӣ-и Фаластин, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоди зиёде аз афрод, аз ҷумла кӯдакон ва занон шуд, маҳкум мекунад. Дар ин бораи ВКХ дар телеграмм канали худ хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вазорати умури хориҷа, муассисаҳои ғайринизомӣ, бахусус бемористонҳо дар ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гирифта, дар ҳама шароит як макони амн барои хидматрасонӣ ба мардум бошад.

Инчунин ВКХ-и  Тоҷикистон ҳамлаҳои хушунатро қотеъона маҳкум намуда, ҷонибҳоро ба оташбаси фаврӣ ва оғози муколама даъват кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба захмиён шифои комил таманно намудааст.

Хотирасон мекунем, ки Вазорати тандурустии Фаластин хабар дода буд, ки Артиши дифои Исроил (ЦАХАЛ) ба бемористони “ал-Аҳлӣ” дар Навори Ғазза зарба задааст. Ба иттилои Вазорат, бар асари ин зарба аз 300 то 500 нафар ҳалок шуда, садҳо нафар зери харобаҳо мондаанд. Низомиёни Исроил изҳор доштаанд, ки ин фоҷеа дар бемористон дар натиҷаи мушакҳои партобшуда аз ҷониби гурӯҳи фаластинии “Ҷиҳоди исломӣ” ба амал омадааст, хабар дода буд Би-Би-Си.

Артиши дифои Исроил бо нашри баёнияе масъулияти ин таркишро ба “Ҷиҳоди исломӣ” вогузор кард: тибқи фарзияи исроилиҳо, сабабаш партоби нокоми мушак аз ҷониби онҳо дар назди бемористон будааст.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки дар таркиш дар бемористони “Ал-Аҳлӣ” “террористҳои ваҳшӣ” гунаҳкоранд.

"Аз даргириҳои гузашта бо террористон дар Ғазза медонем, ки ба ҳисоби миёна тақрибан 33 дарсади мушакҳое, ки ба сӯи мо партоб мекунанд, ба ҳадаф нарасида ва дар Ғазза фуруд меоянд", – гуфтааст ба ВВС Марк Регев, мушовири нахуствазири Исроил.

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Ҳаниё, ки аксарият ӯро пешвои Ҳамос медонанд, мегӯяд, ба ҳамла ба бемористони “Ал-Аҳлӣ” ИМА масъул аст. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла бо он сабаб имконпазир гардид, ки Вашингтон ба Исроил «рӯйпӯш кардани таҷовузаш”-ро” пешниҳод кард.

Қобили зикр аст, ки фаластиниҳо мегӯянд ин зарба аз ҷониби Исроил буд. Исроилиҳо изҳор мекунанд, ки сабабҳои таркишро таҳқиқ мекунанд.

Президенти ИМА Ҷо Байден изҳор намуд, ки аз таркиш дар бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғазза хеле нигарон аст, аммо касеро дар ин ҳодиса айбдор накард, менависад ВВС.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.