Иҷозаи кушодани корт ва суратҳисобҳои фосилавӣ дар бонкҳои Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Хабаргузории РБК бо истинод ба қарори Девони вазирони Русия иттилоъ медиҳад, ки ҳукумати ин кишвар рӯйхати давлатҳоеро тасдиқ кардааст, ки бонкҳояшон метавонанд ба таври фосилавӣ муштариёни хориҷиро барои кушодани кортҳо ва суратҳисобҳо дар муассисаҳои қарзии Русия муайян кунанд. Ба рӯйхат 25 давлат шомиланд: Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Бразилия, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, […]

Хабаргузории РБК бо истинод ба қарори Девони вазирони Русия иттилоъ медиҳад, ки ҳукумати ин кишвар рӯйхати давлатҳоеро тасдиқ кардааст, ки бонкҳояшон метавонанд ба таври фосилавӣ муштариёни хориҷиро барои кушодани кортҳо ва суратҳисобҳо дар муассисаҳои қарзии Русия муайян кунанд.

Ба рӯйхат 25 давлат шомиланд: Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Бразилия, Миср, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Чин, Кувейт, Малайзия, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Таиланд, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон.

Ба ҷуз кушодани суратҳисоб, ташкилотҳои молиявии ин кишварҳо ҳамчунин метавонанд шаҳрвандон ва ширкатҳоро барои анҷоми муомилот дар бозори молиявии Русия муайян кунанд.

"Дар амал ин маънои онро дорад, ки сайёҳ пас аз гузаштани расмиёти муайян ё тасдиқ кардан (шиносоӣ) дар кишвари худ, метавонад ба таври фосилавӣ дар бонки Русия суратҳисоб кушояд ва дар Русия корти сайёҳии хориҷиро дарёфт кунад", – шарҳ медиҳад НТВ.

Дар моҳи июни соли 2023 тағйирот ба қонунгузорӣ қабул шуда, тибқи он ба бонкҳои Русия иҷоза дода мешавад, ки барои ширкатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ аз фосилаи дур суратҳисоб кушоянд ва ба онҳо корт диҳанд.

Барои ин ба бонки Русия лозим аст, ки бо ташкилоти хориҷии қарзӣ ё дигар ташкилоти молиявӣ шартнома бандад ва вазифаи санҷиши шахсияти муштарӣ ё намояндаи ӯро ба дӯши ӯ вогузор намояд.

Пас аз анҷоми расмиёти муайян кардан дар кишвари худ, муштарии хориҷӣ метавонад ба таври фосилавӣ дар бонки Русия суратҳисоби электронӣ боз кунад ва пас аз омадан ба Русия корти бонкиро гирад.

РБК хотиррасон мекунад, ки “Сбербанк”-и Русия дар моҳи сентябри соли ҷорӣ хабар дода буд, ки рӯйи имкони додани кортҳои худ барои сайёҳони хориҷӣ кор мекунад.

Ба гуфтаи Владимир Комлев, раиси Системаи миллии кортҳои пардохт, ҳоло чанд бонки Русия имконоти додани корт барои хориҷиёнро меомӯзанд.

“Ин як хидматрасонии маъмул аст, ки бояд рӯйи он кор кард. Яке аз роҳҳои имконпазир воқеан дар ин ҷо додани корти «Мир» ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки бо ин корт тариқи онлайн гузаронидани маблағ аз суратҳисобҳои кишваре, ки шахс аз он ҷо омадааст, имконпазир бошад», – гуфт ӯ.

Баҳори соли 2022 системаҳои байналмилалии пардохти Visa ва Mastercard Русияро тарк карданд.

Кортҳои аз ҷониби бонкҳои Русия баровардаи онҳо дар хориҷа  ва кортҳои муайяншуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии хориҷӣ – дар Русия аз кор монданд.

Дар тавзеҳи лоиҳаи қонун гуфта мешавад, ба далели қатъ шудани фаъолияти Visa ва Mastercard дар Русия, шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия бо мақсади сайёҳӣ ва тиҷоратӣ ва инчунин барои табобат сафар карданӣ буданд, ҷиҳати истифода аз инфрасохтори бонкии Русия маҳрум шудаанд ва барои пардохти молу хидматрасонӣ бо кортҳои худ имкон надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.