Тоҷикистону Қирғизистон боз тақрибан 14 км хати марзро мувофиқа кардаанд

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон 13,98 километри дигари гузариши хати сарҳади давлатии ду кишварро мувофиқа намуданд. Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз ҷараёни кори гуруҳи корӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод. Манбаъ гуфт, қитъаи навбатӣ дар ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар, ки рӯзҳои 12 – 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон […]

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон 13,98 километри дигари гузариши хати сарҳади давлатии ду кишварро мувофиқа намуданд.

Дар ин бора як манбаъи огоҳ аз ҷараёни кори гуруҳи корӣ ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Манбаъ гуфт, қитъаи навбатӣ дар ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории ду кишвар, ки рӯзҳои 12 – 18 октябри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор гардид, муайян шуд.

“Ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, кори тавсифи минтақаҳои боқимондаро идома медиҳанд”,- таъкид кард манбаъ.

Вай афзуд, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд ва аз натиҷаи он Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш хадамоти матбуотии вилояти Суғд аз вохӯрии навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд зери роҳбарии раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев хабар дода буд.

Аз ин пештар, 2-юми октябр онҳо дар Қирғизистон вохӯрда, Проколи №44-ро ба имзо расониданд.

Дар бораи муҳтавои ин протокол иттилоъ дода намешавад, танҳо баъди имзои проткол дар наворе Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев гуфтанд, ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем.

Баъди чанд рӯзи ин вохӯрӣ, Девони вазирони Қирғизистон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бонканд 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд.

Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.

Танҳо дар моҳи октябр, Комисияи корӣ оид ба мушаххас кардани сарҳади давлатӣ байни ду кишвар беш вз 50 км хати марзро мувофиқа карданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш, баъди изҳори назари Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд” таниши лафзӣ сурат гирита буд.

Дар пайи ин изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба бинои ваъзорат даъват карда, “нигаронии ҷониби Тоҷикистон”-ро расонид.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.