Ятимов ва Ташиев бори дигар масъалаи марзро баррасӣ карданд

Мулоқоти навбатии Комиссяи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад бо роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев имрӯз, 16-уми октябр, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд  хабар медиҳад. Вохӯрии раиси хадамоти амниятии ду кишвар расо […]

Мулоқоти навбатии Комиссяи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад бо роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев имрӯз, 16-уми октябр, дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд  хабар медиҳад.

Вохӯрии раиси хадамоти амниятии ду кишвар расо баъди ду ҳафтаи вохӯрии қаблии онҳо, ки ба гуфтаашон дар анҷоми он як ҳуҷҷати муҳимро ба имзо расониданд, сурат гирифт.

Манбаъ хабар медиҳад, ки ин мулоқот тибқи дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикиистон ва Садир Жапаров, Президенти Қирғизистон сурат гирифта, роҳбарони ҳайатҳо аз рафти иҷрои мувофиқаи ҷонибҳо вобаста ба тавсифи хати сарҳади  давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаҳои боқимонада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

“Ба гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ  барои ҷоннок кардани кор ва ҳалли ҳамаи масъалаҳои наздимарзӣ  дастурҳо дода шуд”, – гуфтааст хадамоти мабуотии раиси вилоят.

Манбаъ гуфтааст, раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар фаъолияти гуруҳҳои кориро ҷамъбаст намуда, бори дигар муҳимияти Протоколи №44 аз 2-юми октябри соли 2023-ро қайд намуданд ва омодагиро барои иҷрои бечунучарои муқарроти он иброз карданд.

Протоколи №44-ро Ятимов ва Ташиев рӯзи 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон имзо карданд. Вале дар бораи ҷузъиёти ин проктол маълумот дода намешавад. Танҳо баъди имзои проткол дар наворе Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев гуфтанд, “ин протокол асос мешавад, ки ҳама гуна масъалаи марзиро ҳал кунем”.

Аз ҷумла, Саймумин Ятимов афзуда буд, ки “иҷрои ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад. Бо тамоми масъулият эълон медорам, ки имзо ва иҷрои протокол иродаи раҳбарони ҳар ду ҷумҳурӣ аст”.

Расо бъди як ҳафта девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон зимни як мулоқот, ки аз 3 то 8-уми октябр дар шаҳри Бонканди кишвари ҳамсоя баргузор гардидааст, 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа кардаанд.

Аммо зикр намегардад, ки мушаххасан кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.

Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва ҷонибҳо ба маълум кардани хати боқимондаи сарҳад идома хоҳанд дод.

Ин дуввумин мулоқоти роҳбарони Комисияи корӣ оид ба мушаххас кардани сарҳадӣ давлатӣ байни ду кишвар дар пасманзари таниши лафзии ахир миёни ду давлат мебошад. Таниши лавзии ахир баъди изҳори назари Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд” иттифоқ афтод.

Дар пайи ин изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба бинои ваъзорат даъват карда, “нигаронии ҷониби Тоҷикистон” расонид.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти мазкур як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда – зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.