Коҳиши ҷамъоварии гандуму ангур дар Тоҷикистон

Дар нуҳ моҳи соли равон гандум, ангур ва бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудааст. Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳисоботи ин ниҳодро оид ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 6-уми октябри соли 2023 нашр кардааст. Муқоисаи арқоми дар ҳисобот зикрёфта нишон медиҳад, ки истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ […]

Дар нуҳ моҳи соли равон гандум, ангур ва бодиринг нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 нисбатан камтар ҷамъоварӣ шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳисоботи ин ниҳодро оид ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 6-уми октябри соли 2023 нашр кардааст. Муқоисаи арқоми дар ҳисобот зикрёфта нишон медиҳад, ки истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта камтар будааст.

Аз ҷумла, ҳосили умумии гандуми ҷамъоваришуда ба ҳолати 6-октябри соли равон 703 ҳозору 711 тоннаро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳолати 30-сентябри соли 2022 (714 ҳазору 546 тонна) қариб 11 ҳазор тонна камтар мебошад.

Ҷамъварии ангур бошад, қариб як баробар кам шудааст. Агар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 668 тонна ангур ҷамъоварӣ шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 56 ҳазору 984 тонна баробар будааст. Яъне қариб 45 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли гузашта мебошад.

Ҷамъоварии ҳосилнокии бодиринг низ дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ 3,5 ҳазор тонна кам будааст – 113 ҳазору 927 тонна. Соли гузашта 117 ҳазору 429 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шуда буд.

Дар хусуси раванди ҷамъоварии ҳар як навъи маҳсулот метавон аз ҳисоботи ин ниҳод маълумоти муфассал пайдо кард.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ сабаби камтар ҷамъоварӣ гардидани баъзе аз маҳсулотро ба якчанд омил вобаста медонанд.

Яке аз омилҳое, ки бештар ба ин соҳа зарари худро расонид ин хунукии зиёди фасли зимистони гузашта ва якбора гарм шудани ҳаво дар охири фасли баҳор ва аввали тобистони гузашта мебошад. Ин ҳолат ба нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ таъсири бештар расонида, боиси кам гардидан ва гарон шудани як қатор маҳсулот гардид.

Бояд гуфт, ки имсол воқеан дар бозорҳои кишвар нарҳи маҳсулоти камистеҳсолгардида – гандум, ангур ва бодиринг нисбати соли қаблӣ гарон боқӣ монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.